https://sputnik.tj/20230124/toshkand-barqrasoni-tolib-1054444602.html
Тошканд барқрасонӣ ба толибҳоро аз сар мегирад
Тошканд барқрасонӣ ба толибҳоро аз сар мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон таъйид кард, ки интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро, ки мутаваққиф шуда буда буд, аз сар мегирад
2023-01-24T19:20+0500
2023-01-24T19:20+0500
2023-01-24T19:20+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
энергетика
ӯзбекистон
фурӯш
интиқол
интиқол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0d/1054187852_0:0:3063:1723_1920x0_80_0_0_d0a1ea84622cd902c030b3b36d709187.jpg
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Интиқоли барқ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон дар соатҳои наздик аз сар гирифта мешавад, иттилоъ дод Вазорати умури хориҷии ҶӮ. Ахиран Вазорати корхои хоричии толибҳо изхор дошт, ки аз ҷониби Ӯзбекистон хабар гирифтаанд, ки мушкилоти техникй бартараф карда шудаанд ва тайёранд, ки ба Афғонистон 250 мегаватт қувваи барқро интиқол диҳанд. "Шабакаҳои миллии барқи Ӯзбекистон" мушкили камбуди барқро ба сардиҳои шадиди ахир рабт дод. Пештар вазири умури хориҷии ҳукумати толибҳо, Амирхон Муттақӣ, аз мақомоти Ӯзбакистон даъват кард, ки ӯҳдадориҳои худро аз рӯи шартнома бо ширкати энергетикии Афғонистон - DABS иҷро кунанд.Вай хоҳиш кардааст, ки Тошканд 400 МВт-и ваъдашударо таъмин кунанд. Ба гуфтаи Мутаққӣ, ҳоло кишвар нерӯи барқ намегирад, ки мушкили афғонҳоро дар шароити зимистони шадиди имсол бадтар мекунад.Қаблан шартнома оид ба интиқоли нерӯи барқи Ӯзбакистон ба Афғонистон дар соли 2023 тамдид шуд, аммо зоҳиран бо сабаби обу ҳаво пурра иҷро нашуда истодааст.Ба иттилои толибҳо, онҳо талош доранд, камбуди энергетикиро аз ҳисоби зиёд кардани иқтидорҳои дохилӣ, аз ҷумла аз нав ба кор андохтани марказҳои гармидиҳии аловӣ бартараф кунанд.Ҳукуматдорҳои нав дар Афғонистон ба мардумашон ваъда медиҳанд, ки сарфи нерӯи барқро муассисаҳои давлатӣ кам карда, захираи озодшударо ба манзилҳои истиқоматӣ равона мекунанд.
https://sputnik.tj/20230120/tojikiston-sodirot-nerui-barq-uzbekiston-1054361529.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0d/1054187852_363:0:2682:1739_1920x0_80_0_0_93669b70e45455c340cb40f7cb854288.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эҳё, барқрасонӣ, толибҳо, барқ, нерӯ
эҳё, барқрасонӣ, толибҳо, барқ, нерӯ
Тошканд барқрасонӣ ба толибҳоро аз сар мегирад
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон таъйид кард, ки интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро, ки мутаваққиф шуда буда буд, аз сар мегирад
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Интиқоли барқ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон дар соатҳои наздик аз сар гирифта мешавад, иттилоъ дод Вазорати умури хориҷии ҶӮ.
Ахиран Вазорати корхои хоричии толибҳо изхор дошт, ки аз ҷониби Ӯзбекистон хабар гирифтаанд, ки мушкилоти техникй бартараф карда шудаанд ва тайёранд, ки ба Афғонистон 250 мегаватт қувваи барқро интиқол диҳанд.
"Шабакаҳои миллии барқи Ӯзбекистон" мушкили камбуди барқро ба сардиҳои шадиди ахир рабт дод.
Пештар вазири умури хориҷии ҳукумати толибҳо, Амирхон Муттақӣ, аз мақомоти Ӯзбакистон даъват кард, ки ӯҳдадориҳои худро аз рӯи шартнома бо ширкати энергетикии Афғонистон - DABS иҷро кунанд.
Вай хоҳиш кардааст, ки Тошканд 400 МВт-и ваъдашударо таъмин кунанд. Ба гуфтаи Мутаққӣ, ҳоло кишвар нерӯи барқ намегирад, ки мушкили афғонҳоро дар шароити зимистони шадиди имсол бадтар мекунад.
Қаблан шартнома оид ба интиқоли нерӯи барқи Ӯзбакистон ба Афғонистон дар соли 2023 тамдид шуд, аммо зоҳиран бо сабаби обу ҳаво пурра иҷро нашуда истодааст.
Ба иттилои толибҳо, онҳо талош доранд, камбуди энергетикиро аз ҳисоби зиёд кардани иқтидорҳои дохилӣ, аз ҷумла аз нав ба кор андохтани марказҳои гармидиҳии аловӣ бартараф кунанд.
Ҳукуматдорҳои нав дар Афғонистон ба мардумашон ваъда медиҳанд, ки сарфи нерӯи барқро муассисаҳои давлатӣ кам карда, захираи озодшударо ба манзилҳои истиқоматӣ равона мекунанд.