Озода Раҳмон нақшаро тасдиқ кард: Раисону вазирон аз кори кардаашон ҳисобот медиҳанд

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонОзода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумат
Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Обуна шудан
Раиси Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотии ҷамъбастиии соли сипаришударо тасдиқ кардааст
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои Тоҷикистон дар мавриди ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияташон дар 12 моҳи соли гузашта, 30 январ оғоз мегарданд.
Ба иттилои хабаргузории "Ховар", нақшаи ташкили нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳоро роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон, Озода Раҳмон аллакай тасдиқ намудаст.
Интизор меравад, ки нишастҳои матуботии ҷамъбастӣ ҳудуди 18 рӯз аз 30 январ то 17 феврал давом кунанд.
"Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби чанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имкон доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд", - омадааст дар иттилоия.
Ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон дар 24 январи соли 2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Баҳси бурду бохт дар маҷлиси васеъ таҳти раёсати Раҳмон: Кӣ таъриф мешунаваду кӣ танқид?
Барои баргузории нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муваззаф шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки мавсими қаблии нишастҳои матбуотӣ дар ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2022 баргузор шуда, аз аз 11 июл то 5 август идома доштанд.
Нишастҳои матбуотӣ, мутобиқи амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз 15 сентябри соли 2011, соле ду бор, дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа ва яксола баргузор мешаванд. Қаблан роҳбарон ҳар семоҳа нишастҳои матбуотӣ баргузор мекарданду аз бурду бохти бахши таҳти масъулияташон гузориш медоданд.
Лентаи хабарҳо
0