https://sputnik.tj/20230123/tormeghu-khunuk-peshgui-havo-tojikiston-1054409352.html
Тормеғу 31 дараҷа хунукӣ: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон
Тормеғу 31 дараҷа хунукӣ: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳарорат дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 31 дараҷа, дар Суғд то 17 дараҷа, дар Хатлон то 10 ва дар шаҳри Душанбе то 6 дараҷа хунук мешавад
2023-01-23T11:13+0500
2023-01-23T11:13+0500
2023-01-23T11:13+0500
дар тоҷикистон
ҳаво
обу ҳаво
пешгӯӣ
хунукӣ
вмкб
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/19/1032522787_0:151:2879:1770_1920x0_80_0_0_bae74ac54baa9465934f154bd8d71693.jpg
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон абрнок пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, ВМКБ-ро ҳавои қисман абрнок, аммо асосан бебориш дар пеш буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 11-16 дараҷа, рӯзона 3-8 дараҷа хунук ва дар шарқи вилоят шабона 26-31 дараҷа, рӯзона то 16-21 дараҷа хунукӣ мерасад. Суғдро низ ҳамчунин ҳавои қисман абрноки бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук дар назар аст. Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрноки асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои асосан бебориш ва фаромадани тормеғ дар пеш аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм пешгўӣ гардидааст.Дар Душанбе ҳавои қисман абрнок ва асосан бебориш пешгӯӣ шуда, фаромадани тормеғ дар назар аст. Ҳарорат шабона 4-6 дараҷа хунук, рӯзона 1+3 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20230107/khf-sardiho-qoidaho-bekhtarii-sukhtor-nerui-barq-sarfa-1054042032.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/19/1032522787_160:0:2719:1919_1920x0_80_0_0_e8f9db21804b0df676ac2c9257f2f8c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешгӯӣ, ҳаво, тоҷикистон, ҳарорат, сардӣ
пешгӯӣ, ҳаво, тоҷикистон, ҳарорат, сардӣ
Тормеғу 31 дараҷа хунукӣ: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон
Ҳарорат дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 31 дараҷа, дар Суғд то 17 дараҷа, дар Хатлон то 10 ва дар шаҳри Душанбе то 6 дараҷа хунук мешавад
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон абрнок пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ВМКБ-ро ҳавои қисман абрнок, аммо асосан бебориш дар пеш буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 11-16 дараҷа, рӯзона 3-8 дараҷа хунук ва дар шарқи вилоят шабона 26-31 дараҷа, рӯзона то 16-21 дараҷа хунукӣ мерасад.
Суғдро низ ҳамчунин ҳавои қисман абрноки бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук дар назар аст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрноки асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои асосан бебориш ва фаромадани тормеғ дар пеш аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм пешгўӣ гардидааст.
Дар Душанбе ҳавои қисман абрнок ва асосан бебориш пешгӯӣ шуда, фаромадани тормеғ дар назар аст. Ҳарорат шабона 4-6 дараҷа хунук, рӯзона 1+3 дараҷа гарм мешавад.