https://sputnik.tj/20230123/rasondani-somoni-kumakpuli-niyozmandon-tursunzoda-1054422055.html
Расондани 600 сомонӣ кумакпулӣ ба ниёзмандони шаҳри Турсунзода: чанд нафар нагирифтаанд?
Расондани 600 сомонӣ кумакпулӣ ба ниёзмандони шаҳри Турсунзода: чанд нафар нагирифтаанд?
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи дастури раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бояд беш аз 11 ҳазор нафар дар ҳаҷми зиёда аз 6,6 млн сомонӣ кумакпулӣ дарёфт кунанд
2023-01-23T17:33+0500
2023-01-23T17:33+0500
2023-01-23T17:33+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
кӯмакпулӣ
сомонӣ
маблағ
амонатбонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_0:32:1501:876_1920x0_80_0_0_73b0655394f75916f6bd4387820fca05.jpg
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Аз миёни беш аз 11,1 ҳазор гирандагони кумаки яквақтаина дар ҳаҷми 600 сомонӣ дар шаҳри Турсунзода то ҳол беш аз 10 ҳазор нафарашон онро дастрас карданд. Дар ин бора "Ховар" аз қавли масъулини "Амонатбонк" дар Турсунзода хабар дода, афзуд, ки ба 3,3 ҳазор нафар дар ҳаҷми беш аз 1,9 млн сомонӣ кумакпулии яквақтаинаи ҳифзи иҷтимоӣ ба 6,7 ҳазор нафар ба маблағи беш аз 4 млн сомонӣ кумакпулии суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шуд. "Феълан дар 6 маркази хизматрасонии "Амонатбонк" дар шаҳраку деҳоти Турсунзода ба 1083 нафар гирандагони кумакпулии яквақтаинаи ҳифзи иҷтимоии боқимонда ,маблағи кумакпулияшон дар асоси рӯйхат пардохт шуда истодааст", - омадаст дар иттилоия. Қаблан муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Шодихон Ҷамшед зимни як ҷаласа дар бораи расонидани кумакҳои яквақта ба оилаҳои осебпазири аҳолӣ гуфта, минбаъд ҷоннок намудани масъаларо таъкид карда буд. Зикр гардид, ки механизми расондани кумакпулиҳо дар тамоми 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди амал қарор гирифта истодааст.Ин дар ҳолест, ки президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон таъкид намуда буд, ки кумакпулии яквақтаина бояд ба ниёзмандон то охири сол расонда шавад.То охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад, гуфта буд ӯ.Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки бо ин мақсад 285 млн сомонӣ равона мегардад.
https://sputnik.tj/20221225/naqd-maoshi-haddi-aqal-niyozmandon-1053776402.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_81:0:1414:1000_1920x0_80_0_0_41421c42049e80223c56ab7c6ce9d132.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раванд, расондан, кумакпулӣ, ниёзманд, тоҷикистон, турсунзода
раванд, расондан, кумакпулӣ, ниёзманд, тоҷикистон, турсунзода
Расондани 600 сомонӣ кумакпулӣ ба ниёзмандони шаҳри Турсунзода: чанд нафар нагирифтаанд?
Дар доираи дастури раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бояд беш аз 11 ҳазор нафар дар ҳаҷми зиёда аз 6,6 млн сомонӣ кумакпулӣ дарёфт кунанд
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Аз миёни беш аз 11,1 ҳазор гирандагони кумаки яквақтаина дар ҳаҷми 600 сомонӣ дар шаҳри Турсунзода то ҳол беш аз 10 ҳазор нафарашон онро дастрас карданд.
Дар ин бора "Ховар" аз қавли масъулини "Амонатбонк" дар Турсунзода хабар дода, афзуд, ки ба 3,3 ҳазор нафар дар ҳаҷми беш аз 1,9 млн сомонӣ кумакпулии яквақтаинаи ҳифзи иҷтимоӣ ба 6,7 ҳазор нафар ба маблағи беш аз 4 млн сомонӣ кумакпулии суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шуд.
"Феълан дар 6 маркази хизматрасонии "Амонатбонк" дар шаҳраку деҳоти Турсунзода ба 1083 нафар гирандагони кумакпулии яквақтаинаи ҳифзи иҷтимоии боқимонда ,маблағи кумакпулияшон дар асоси рӯйхат пардохт шуда истодааст", - омадаст дар иттилоия.
Қаблан муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Шодихон Ҷамшед зимни як ҷаласа дар бораи расонидани кумакҳои яквақта ба оилаҳои осебпазири аҳолӣ гуфта, минбаъд ҷоннок намудани масъаларо таъкид карда буд.
Зикр гардид, ки механизми расондани кумакпулиҳо дар тамоми 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди амал қарор гирифта истодааст.
Ин дар ҳолест, ки президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон таъкид намуда буд, ки кумакпулии яквақтаина бояд ба ниёзмандон то охири сол расонда шавад.
То охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад, гуфта буд ӯ.
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки бо ин мақсад 285 млн сомонӣ равона мегардад.