Ҳамлаи маргбори шутур ба посбон дар Омски Русия – видео

Обуна шудан
Шутур дар пойгоҳи шикорӣ дар ноҳияи Тюкалински вилояти Омск ба як посбоне ҳамла кард, ки бар асари он посбон ба ҳалокат расид
Дар ноҳияи Тюкалински вилояти Омск як шутур ба посбони пойгоҳи шикорӣ ҳамла кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти додситонии вилоят.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 21 январ дар як пойгоҳи наздикии деҳаи Приозерка рух додааст. Аз навори видеоӣ аз ҷои ҳодиса бармеояд, ки шутур як марди 51-соларо ба замин андохта, зери по кардааст.
Дар Мастчоҳ гурги ҳамлагарро зинда дастгир карданд - видео
"Дар натиҷаи ҷароҳатҳои бардоштааш ин мард дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - қайд кардааст додситонӣ.
Дар ҳоли ҳозир, тафтишоти ҳодиса аз сӯйи сарраёсати Кумитаи тафтишотии вилоят идома дорад ва додситонӣ онро зери назорат гирифтааст. Додситонӣ қонунӣ будани амали шахсони масъул ва таъмини амнияти пойгоҳ барои нигоҳ доштани ҳайвонотро баҳо медихад.
Лентаи хабарҳо
0