Пешгӯии то 31 дараҷа хунукӣ ва тормеғ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевТуман в Душанбе
Туман в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2023
Обуна шудан
Ҳарорат дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 31 дараҷа, дар Хатлон то 10 дараҷа, дар Суғд то 17 дараҷа ва дар Душанбе то 5 дараҷа хунук мешавад
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, дар бархе навоҳӣ тормеғ мефарояд, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳавои ВМКБ қисман абрнок шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 11-16 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 26-31 дараҷа хунук, рӯзона 16-21 дараҷа хунук дар назар аст.
Суғдро низ ҳавои қисман абрнок фаро гирифта, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Пожарные тушат огонь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2023
Сардӣ сӯхтор дар Суғдро зиёд кардаст
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрноки асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона то 0-5 дараҷа хунукӣ мерасад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои қисман абрноки бебориш ва дар баъзе ноҳияҳо тормеғ дар пеш аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15-17 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Душанберо ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва тормеғ интизор буда, ҳарорат шабона 3-5 дараҷа хунук, рӯзона 1+3 дараҷа гарм дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0