https://sputnik.tj/20230122/halokati-zeri-yakh-murojiati-maqomot-fojia-1054405750.html
Ҳалокати 4 кӯдаки тоҷик дар зери ях: муроҷиати мақомот ба мардум баъди фоҷиа
Ҳалокати 4 кӯдаки тоҷик дар зери ях: муроҷиати мақомот ба мардум баъди фоҷиа
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон бозии кӯдаконро болои ях дар ҳоле, ки ҳаво майли гармшавӣ дорад, хатарнок хонда, волидонро ба эҳтиёткорӣ даъват кардааст
2023-01-22T21:03+0500
2023-01-22T21:03+0500
2023-01-22T22:03+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳолат
хатлон
кӯдак
ях
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054340543_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_a94f81f8e54a49fc0da6e28ac75d1cc9.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Се кӯдаки 4 ва 5-cола дар пайи фурӯ рафтани ях дар ҳавзи деҳашон сарозер шуда, ҷон додаанд. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ҳодиса шоми 21 январи соли равон дар деҳаи Ғарабдараи ҷамоати Балхоби ноҳияи Муъминобод рух додаст. "Ду кӯдаки 5-сола ва як кӯдаки 4-сола, дар болои яхи обанбори сунъии маҳаллашон ба яхмолакбозӣ машғул шуда, ба об афтида, ғарқ шудаанд", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудаст, ки сокинони деҳа ҷасади кӯдаконро аз об бароварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Ин дар ҳолест, ки ахиран дар шаҳри Ҳисор низ ду ноболиғ хостаанд, аз болои рӯди Хонақоҳ убур кунанд, ки ба дарё сарозер шудаанд. Дар натиҷа сокинони маҳаллӣ тавонистаанд, писарчаро зинда аз дарё берун оранд, аммо духатарро наҷот дода натавонистаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуда, бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардаст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд. Ба иттилои ин ниҳод дар пайи рӯй ба гармӣ овардани ҳаво қабати ғафси бисёри ҳавзу кӯлҳо тунук шуда, хавфи сарозер шудан афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистонро ахиран сардиҳои шадид фаро гирифта буданд ва бархе аз сокинон дар навоҳӣ дар талоши гарм кардани хонаҳояшон аз ҷумла аз дуди ангишт заҳролуд шуда, дар бархе ҳолатҳо ҷон доданд.
https://sputnik.tj/20230121/margi-fojiabori-padaru-pisar-dar-nohiyai-khuroson-1054386271.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054340543_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_e9d823882176c38fde036e1c72dc660f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳалокат, кӯдакон, ях, тоҷикистон, ҳалокат
ҳалокат, кӯдакон, ях, тоҷикистон, ҳалокат
Ҳалокати 4 кӯдаки тоҷик дар зери ях: муроҷиати мақомот ба мардум баъди фоҷиа
21:03 22.01.2023 (Навсозишуда: 22:03 22.01.2023) Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон бозии кӯдаконро болои ях дар ҳоле, ки ҳаво майли гармшавӣ дорад, хатарнок хонда, волидонро ба эҳтиёткорӣ даъват кардааст
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Се кӯдаки 4 ва 5-cола дар пайи фурӯ рафтани ях дар ҳавзи деҳашон сарозер шуда, ҷон додаанд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ҳодиса шоми 21 январи соли равон дар деҳаи Ғарабдараи ҷамоати Балхоби ноҳияи Муъминобод рух додаст.
"Ду кӯдаки 5-сола ва як кӯдаки 4-сола, дар болои яхи обанбори сунъии маҳаллашон ба яхмолакбозӣ машғул шуда, ба об афтида, ғарқ шудаанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки сокинони деҳа ҷасади кӯдаконро аз об бароварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар шаҳри Ҳисор низ ду ноболиғ хостаанд, аз болои рӯди Хонақоҳ убур кунанд, ки ба дарё сарозер шудаанд. Дар натиҷа сокинони маҳаллӣ тавонистаанд, писарчаро зинда аз дарё берун оранд, аммо духатарро наҷот дода натавонистаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуда, бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардаст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.
Ба иттилои ин ниҳод дар пайи рӯй ба гармӣ овардани ҳаво қабати ғафси бисёри ҳавзу кӯлҳо тунук шуда, хавфи сарозер шудан афзоиш ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистонро ахиран сардиҳои шадид фаро гирифта буданд ва бархе аз сокинон дар навоҳӣ дар талоши гарм кардани хонаҳояшон аз ҷумла аз дуди ангишт заҳролуд шуда, дар бархе ҳолатҳо ҷон доданд.