Додугирифт зиёд: Каримзода аз тақвияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон гуфт

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонГлава таможенной службы Таджикистана Хуршед Каримзода
Глава таможенной службы Таджикистана Хуршед Каримзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2023
Обуна шудан
Тоҷикистон бо назардошти афзоиши ба маротиби додугирифти коло бо Ӯзбекистон талош дорад, фаъолияти гузаргоҳҳои марзиро тақвият бахшад
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон гузаргоҳи муосири гумрукии намунавӣ бунёд хоҳад шуд, ки бо беҳтарин таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз хоҳад буд.
Дар ин бора раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Хуршед Каримзода ба "Ховар" иттилоъ дода, афзуд, ки алаккай созиш барои бунёди дидбонгоҳи намунавӣ бо воситаҳои техникии назоратӣ ҳосил шудааст.
Ӯ зикри афзоиши додугирифт, миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон илова намудаст, ки гуфтушунид бо шарикони рушд барои бунёд, таҷҳизонидан ва тақвияти фаъолияти гузаргоҳҳои назоратии наздисарҳадӣ идома доранд.
Таъкид кардааст, ки дар доираи барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумрук барои то соли 2024 ҷудо намудани кумакҳои техникию молиявӣ дар назар аст.
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2023
Тоҷикистон содироти нерӯи барқ ​​ба Ӯзбекистонро зиёд кардаст
Қаблан Тоҷикистону Ӯзбекистон барои додани мақоми байналмилалӣ ба бархе аз гузаргоҳҳои феълиро баррасӣ карданд.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия хабар дода буд.
Зикр гардидаст, ки феълан миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 17 гузаргоҳи сарҳадии автомобилгард ва роҳи оҳан амал мекунанд, ки аз ин 9 гузаргоҳ дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад.
Бо назардошти афзоиши омадурафти шаҳрвандони ду кишвару атбои хориҷӣ ва ҳамчунин боркашонӣ тавассути сарҳади давлатӣ ҷонибҳо масъалаи таҳкими иқтидори гузаргоҳҳои феълиро ба миён гузоштаанд.
Маврид ба зикр аст, ки роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳадаф гузоштаанд, ки додугирифти ду кишвар ба 1 млрд доллари амрикоӣ дар як сол расонда шавад.
Лентаи хабарҳо
0