https://sputnik.tj/20230121/sughd-mard-mast-hamsar-otash-zad-1054396720.html
Дар Суғд марди маст ҳамсари 25-солаашро оташ зад
Дар Суғд марди маст ҳамсари 25-солаашро оташ зад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин мард қаблан барои содир намудани ҷинояти авбошӣ маҳкум шуда буд. Ҳоло нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст 21.01.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-01-21T20:35+0500
2023-01-21T20:35+0500
2023-01-21T20:35+0500
дар тоҷикистон
суғд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102793/29/1027932906_0:3:1920:1083_1920x0_80_0_0_6eee71018fa1d32155e17cd76fdaba10.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷони Ғафурови вилояти Суғд марди 25-сола дар ҳолати мастӣ ҳамсари худро оташ задааст.Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод.Ба гузориши ВКД, мард ҳамагӣ чор моҳ бо ҳамсари худ зиндагӣ кардаву дар ҳолати мастӣ бо ӯ ҷанҷол намуда, аз сари хашму ғазаб ба сару рӯю гардани завҷааш сӯзишвории дизелӣ рехта, ӯро оташ задааст.Зикр гардид, ки нисбат ба ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бар асоси қисми якуми моддаи 110 парвандаи нави ҷиноятӣ оғоз гардидааст.Ҳамсари ӯ ҳоло бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ аст.Тафсилоти дигари ин ҳодисаи даҳшатбор дастрас нест. ВКД гуфт, ки оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.Бар асоси қисми якуми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ба ин шавҳари бадҷаҳл ҳамчун ҷазо барои қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад, ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.
https://sputnik.tj/20220803/sokin-istaravshan-hamsar-bughi-kusht-1050461055.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102793/29/1027932906_213:0:1920:1280_1920x0_80_0_0_a2b107e9245412af4870a4ae1344bd3a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, вкд
дар тоҷикистон, суғд, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, вкд
Дар Суғд марди маст ҳамсари 25-солаашро оташ зад
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин мард қаблан барои содир намудани ҷинояти авбошӣ маҳкум шуда буд. Ҳоло нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷони Ғафурови вилояти Суғд марди 25-сола дар ҳолати мастӣ ҳамсари худро оташ задааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши ВКД, мард ҳамагӣ чор моҳ бо ҳамсари худ зиндагӣ кардаву дар ҳолати мастӣ бо ӯ ҷанҷол намуда, аз сари хашму ғазаб ба сару рӯю гардани завҷааш сӯзишвории дизелӣ рехта, ӯро оташ задааст.
Зикр гардид, ки нисбат ба ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бар асоси қисми якуми моддаи 110 парвандаи нави ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Ҳамсари ӯ ҳоло бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ аст.
Тафсилоти дигари ин ҳодисаи даҳшатбор дастрас нест. ВКД гуфт, ки оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Бар асоси қисми якуми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ба ин шавҳари бадҷаҳл ҳамчун ҷазо барои қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад, ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.