https://sputnik.tj/20230121/sodir-jabborov-limiti-barq-mardum-qirghiziston-uzr-pursid-1054383787.html
Содир Ҷабборов барои лимити барқ аз мардуми Қирғизистон узр пурсид
Содир Ҷабборов барои лимити барқ аз мардуми Қирғизистон узр пурсид
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Қирғизистон дар муроҷиат ба мардум изҳор дошт, ки бобати вазъияти бебарқӣ дар кишвар пайваст маълумот мегирад 21.01.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-01-21T12:31+0500
2023-01-21T12:31+0500
2023-01-21T12:31+0500
осиёи марказӣ
қирғизистон
содир ҷабборов
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040522557_0:30:2669:1531_1920x0_80_0_0_3d1bf5ebcf84b19b6bd490dfd9eef39f.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Содир Ҷабборов президенти Қирғизистон бинобар қатъи мунтазами нерӯи барқ дар кишвар аз мардум бахшиши пурсид. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ гуфт, ки дар бораи вазъ маълумот гирифта истодааст: қатъшавии барқ вуҷуд надорад, истеъмоли нерӯи барқ аз сармо зиёд шудааст, таҷҳизот зери сарборӣ қарор дорад. Ба боварии ӯ, дар сурати анҷом наёфтани чунин корҳо, метавонад на танҳо дар бахши энержии Қирғизистон, балки дар Системаи ягонаи энержии Осиёи Марказӣ низ садамаи системавӣ рух диҳад. Ин аллакай моҳи январи соли 2022 рух дода буд, хотиррасон кард президент. Ҷабборов гуфт, ки давлат бо ёрии мутахассисони кордон сарфи назар аз техникаи кӯҳна ба зимистон нағз омодагӣ дид - ин мисли таъмири асосии машинаи кӯҳнашуда аст. "Худо хоҳад, зимистонро ба хубӣ паси сар мекунем. Агар каме нороҳатӣ пайдо шавад, аз аҳолӣ узр мехоҳем", - афзуд президент.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон ба ширкати "Барқи тоҷик" барои аз байн бурдани маҳдудиятҳои барқӣ дар кишвар дастур дод.Зимнан, пас аз дастури роҳбари давлат ин ширкат хабар дод, ки "таъминоти барқ дар саросари ҷумҳурӣ таъмин шудааст”.Бо вуҷуди ин, сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳамоно аз танқисии нерӯи барқ шикоят доранд.Аз ҷумла дар ин шабу рӯзҳои сард бинобар ях бастани рӯди Панҷ сокинони ВМКБ аз бебарқӣ танқисӣ мекашанд.
https://sputnik.tj/20230119/limiti-barq-tojikiston-mushkilot-1054348021.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040522557_0:0:2669:2003_1920x0_80_0_0_00a97e45935bb3934b57af02a6ef7978.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, қирғизистон, содир ҷабборов, энергетика
осиёи марказӣ, қирғизистон, содир ҷабборов, энергетика
Содир Ҷабборов барои лимити барқ аз мардуми Қирғизистон узр пурсид
Кишвардори Қирғизистон дар муроҷиат ба мардум изҳор дошт, ки бобати вазъияти бебарқӣ дар кишвар пайваст маълумот мегирад
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Содир Ҷабборов президенти Қирғизистон бинобар қатъи мунтазами нерӯи барқ дар кишвар аз мардум бахшиши пурсид.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ гуфт, ки дар бораи вазъ маълумот гирифта истодааст: қатъшавии барқ вуҷуд надорад, истеъмоли нерӯи барқ аз сармо зиёд шудааст, таҷҳизот зери сарборӣ қарор дорад.
“Аз ин рӯ, барои сарфаи таҷҳизот ва ҷилавгирӣ аз садамаҳо лозим аст, ки нерӯи барқ муваққатан хомӯш шавад", - изҳор дошт Ҷабборов.
Ба боварии ӯ, дар сурати анҷом наёфтани чунин корҳо, метавонад на танҳо дар бахши энержии Қирғизистон, балки дар Системаи ягонаи энержии Осиёи Марказӣ низ садамаи системавӣ рух диҳад. Ин аллакай моҳи январи соли 2022 рух дода буд, хотиррасон кард президент.
Ҷабборов гуфт, ки давлат бо ёрии мутахассисони кордон сарфи назар аз техникаи кӯҳна ба зимистон нағз омодагӣ дид - ин мисли таъмири асосии машинаи кӯҳнашуда аст.
"Худо хоҳад, зимистонро ба хубӣ паси сар мекунем. Агар каме нороҳатӣ пайдо шавад, аз аҳолӣ узр мехоҳем", - афзуд президент.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон ба ширкати "Барқи тоҷик" барои аз байн бурдани маҳдудиятҳои барқӣ дар кишвар дастур дод.
Зимнан, пас аз дастури роҳбари давлат ин ширкат хабар дод, ки "таъминоти барқ дар саросари ҷумҳурӣ таъмин шудааст”.
Бо вуҷуди ин, сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳамоно аз танқисии нерӯи барқ шикоят доранд.
Аз ҷумла дар ин шабу рӯзҳои сард бинобар ях бастани рӯди Панҷ сокинони ВМКБ аз бебарқӣ танқисӣ мекашанд.