Аз тракторчӣ то кафшергар: Омодасозии мутахассисон барои артиши Тоҷикистон

© Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкПервые призывники в военном училище
Первые призывники в военном училище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2023
Обуна шудан
Дар Хатлон аз ҳисоби наваскарон барои артиш мутахассисони самтҳои гуногун, аз ҷумла ошпаз, тракторчӣ, барқчӣ, кафшергар ва сартарошро омода месозанд
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Созмони ҷамъиятии мададгори мудофиа дар вилояти Хатлон давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуддати ронандагиро барои наваскарони мавсими баҳории даъват ташкил кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, айни ҳол беш аз 70 дархост аз ҷониби ҷавонон ворид шудааст, ки таҳсили ҳамаи онҳо аз ҳисоби ҳукумат маблағгузорӣ мегардад. Давраи омӯзиш то 3 моҳро фаро гирифта, ихтиёриёнро ба таври амалӣ ва таҷрибавӣ таълим мегиранд.
"Бо мақсади таълиму тарбия ва омода намудани ҷавонон ба хидмат дар артиш, ҳамчунин давраҳои омӯзишии тирандозӣ ва касбҳои гуногун, аз қабили ошпаз, тракторчӣ, барқчӣ, кафшерчӣ, сартарош таъсис дода шудаанд", - омадааст дар иттилоия.
Савгандёдкунии наваскарон дар Тоҷикистон дар ҳузури Алишер Мирзонабот, раиси навтаъйини ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2022
ВМКБ нақшаи даъвати наваскаронро дар 1 рӯз иҷро кард: Мирзонабот аз чӣ норозист?
Қаблан дар Хатлон қарори раиси вилоят дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар даъвати баҳории соли 2023 қабул гардида буд.
Аз ҷумла Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон муваззаф шуда буд, ки на камтар аз 30%-и нақшаи даъвати баҳории соли 2023 ба омӯзишҳо ҷалб намояд.
Тибқи ин қарор, ҳамчунин, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, барои на камтар аз 5%-и шумораи умумии даъватшавандагон ба хизмати аскарӣ бояд курсҳои кутоҳмуддати ошпаз, тракторчӣ, барқчӣ, кафшергар ва дигар ихтисосҳои барои қувваҳои мусаллаҳ зарурро ташкил намоянд.
Лентаи хабарҳо
0