https://sputnik.tj/20230120/tayinoti-kadri-sartabibi-tavalludkhona-sughd-1054377638.html
Баъди фавти шашгоникҳо: Сартабиби таваллудхонаи Суғд иваз шуд
Баъди фавти шашгоникҳо: Сартабиби таваллудхонаи Суғд иваз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Таъйиноти кадрӣ дар таваллудхонаи вилоятии Суғд дар ҳоле сурат мегирад, ки чанд рӯзи қабл дар ин муассиса нахустин шашгоникҳои таваллудшуда ҷон доданд
2023-01-20T18:20+0500
2023-01-20T18:20+0500
2023-01-20T21:20+0500
дар тоҷикистон
таваллудхона
тағйироти кадрӣ
тандурустӣ
суғд
вилоят
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/14/1054377206_0:128:1280:848_1920x0_80_0_0_d818e012ba52ca54752a543e29e6ffec.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон бо судури фармони худ сартабиби таваллудхонаи вилояти Суғдро иваз кардааст, хабар дод аз Раёсати тандурустии вилоят. Мудири шуъбаи ҳифзи модару кӯдак дар Идораи тандурустии Суғд, Индира Акмалхӯҷаева ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Мунира Валиева, сартабиби нави таваллудхонаи Суғд таъйин шуд. Валиева дар ин мақом Дадобоева Нуриро иваз намуд. Сабаби барканории Дадобоева баромадан ба синни нафақа гуфта мешавад. Ин тағйирот дар ҳоле сурат гирифтанд, ки чанд рӯзи қабл дар ин таваллудхона нахустин шашгоникҳои таваллудшуда дар Тоҷикистон фавтиданд. Валиева Мунира Солиҷоновна, ки сартабиби нав таъйин шудааст, 25 апрели соли 1969 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1987 Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд ва соли 1993 Донишгоҳи тиббии шаҳри Душанберо хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1994 ба ҳайси духтури занона дар таваллудхонаи вилоятӣ дар Хуҷанд оғоз намудааст. Аз соли 2013 то таъйиноти ахир дар вазифаи ҷонишини сартабиби таваллудхона оид ба корҳои ташкили методӣ кор кардааст.
https://sputnik.tj/20230112/mujiza-kutoh-tavallud-shashgonik-tojikiston-fojia--1054153164.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/14/1054377206_0:0:1281:961_1920x0_80_0_0_0ef2aeda756c0cec12e8c215fdd29dff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъйин, сартабиб, вилоят, суғд
таъйин, сартабиб, вилоят, суғд
Баъди фавти шашгоникҳо: Сартабиби таваллудхонаи Суғд иваз шуд
18:20 20.01.2023 (Навсозишуда: 21:20 20.01.2023) Эксклюзив
Таъйиноти кадрӣ дар таваллудхонаи вилоятии Суғд дар ҳоле сурат мегирад, ки чанд рӯзи қабл дар ин муассиса нахустин шашгоникҳои таваллудшуда ҷон доданд
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон бо судури фармони худ сартабиби таваллудхонаи вилояти Суғдро иваз кардааст, хабар дод аз Раёсати тандурустии вилоят.
Мудири шуъбаи ҳифзи модару кӯдак дар Идораи тандурустии Суғд, Индира Акмалхӯҷаева ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Мунира Валиева, сартабиби нави таваллудхонаи Суғд таъйин шуд.
“Ин таъйиноти кадрӣ бо пешниҳоди раиси вилояти Суғд ва фармони вазири тандурустӣ сурат гирифт” - тавзеҳ дод Акмалхӯҷаева.
Валиева дар ин мақом Дадобоева Нуриро иваз намуд. Сабаби барканории Дадобоева баромадан ба синни нафақа гуфта мешавад.
Ин тағйирот дар ҳоле сурат гирифтанд, ки чанд рӯзи қабл дар ин таваллудхона нахустин шашгоникҳои таваллудшуда дар Тоҷикистон фавтиданд.
Валиева Мунира Солиҷоновна, ки сартабиби нав таъйин шудааст, 25 апрели соли 1969 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.
Соли 1987 Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд ва соли 1993 Донишгоҳи тиббии шаҳри Душанберо хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1994 ба ҳайси духтури занона дар таваллудхонаи вилоятӣ дар Хуҷанд оғоз намудааст.
Аз соли 2013 то таъйиноти ахир дар вазифаи ҷонишини сартабиби таваллудхона оид ба корҳои ташкили методӣ кор кардааст.