https://sputnik.tj/20230120/sarmoi-margbor-afghoniston-jon-bokhtan-nafar-1054355148.html
Сармои маргбор дар Афғонистон: Ҷон бохтани 70 нафар бар асари сардиҳои ахир
Сармои маргбор дар Афғонистон: Ҷон бохтани 70 нафар бар асари сардиҳои ахир
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати мубориза бо ҳаводиси табии толибҳо аз ҷон бохтани дастикам 70 тан бар асари сармои ҳаво дар рӯзҳои ахир хабар додааст
2023-01-20T09:03+0500
2023-01-20T09:03+0500
2023-01-20T09:03+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
чандин нафар ҷон бохтанд
сардӣ
барф ва сардӣ
ҳавои сард
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045128348_0:117:2235:1374_1920x0_80_0_0_acd7746b458f8a645675edf049fd6e9e.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Афзун бар талафоти ҷонӣ беш аз 70 ҳазор раъси дом низ бар асари сармои ҳафтаи ахир талаф шудаанд, мегӯяд раиси маркази амалиёти изтирории вазорати мубориза бо ҳаводис толибҳо Абдуллоҳ Маҳмадӣ.Ба гуфта мақомҳои толибҳо тайи ду ҳафтаи гузашта дар бештари вилоятҳо дамои ҳаво “фавқулода” сард будааст, аз ҷумла дар вилояти Ғур дар охири ҳафта ҳарорати ҳаво ба манфии 33 дараҷа расидааст.Тайи рӯзҳои гузашта хабарҳои нохуш аз вилоятҳои мухталифи Афғонистон дар мавриди талафоти инсонӣ ва ҳайвонии ношӣ аз сармоӣ шадид ба нашр расидааст.Манобеи маҳаллӣ аз набуди имконоти ҳаддиақале барои муқобила бо сармо ва ҷилавгирӣ аз талафот шикоят доранд ва гуфтаанд, ки мақомҳои маҳаллии толибҳо ҳеҷ тадбире барои расидагӣ ба мушкилот надоранд.Аз сӯйи ҳам, шуморӣ аз муассисоти байналмилалӣ хадамоташонро ба далели сиёсати толибҳо дар мавриди ҳазфи занон аз ҷомеъа ба ҳолати таълиқ даровардаанд.Ёдовари мекунем, ки имрӯзҳо Тоҷикистон кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳам дар оғуши сармо ва бориши барфи шадид қарор гирифтааст.Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон рӯзҳои 19 ва 20 январ дар роҳҳои минтақаи кӯҳӣ хавфи фаромадани трама зиёд аст.КҲФ аз ҷумла роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғобро хатарнок арзёбӣ кард. Зеро хавфи фаромадани трама дар ин роҳҳо ниҳоят баланд аст.
https://sputnik.tj/20230119/sarmo-shash-kudak-badakhshon-afghoniston-1054337748.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045128348_124:0:2111:1490_1920x0_80_0_0_3bbed8134b26d1b2d97ec785c4bbab3b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, сардӣ, обу ҳаво, сармо, ҳаводиси табии, толибҳо, ҷон бохтан, талаф
афғонистон, сардӣ, обу ҳаво, сармо, ҳаводиси табии, толибҳо, ҷон бохтан, талаф
Сармои маргбор дар Афғонистон: Ҷон бохтани 70 нафар бар асари сардиҳои ахир
Вазорати мубориза бо ҳаводиси табии толибҳо аз ҷон бохтани дастикам 70 тан бар асари сармои ҳаво дар рӯзҳои ахир хабар додааст
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Афзун бар талафоти ҷонӣ беш аз 70 ҳазор раъси дом низ бар асари сармои ҳафтаи ахир талаф шудаанд, мегӯяд раиси маркази амалиёти изтирории вазорати мубориза бо ҳаводис толибҳо Абдуллоҳ Маҳмадӣ.
Ба гуфта мақомҳои толибҳо тайи ду ҳафтаи гузашта дар бештари вилоятҳо дамои ҳаво “фавқулода” сард будааст, аз ҷумла дар вилояти Ғур дар охири ҳафта ҳарорати ҳаво ба манфии 33 дараҷа расидааст.
Тайи рӯзҳои гузашта хабарҳои нохуш аз вилоятҳои мухталифи Афғонистон дар мавриди талафоти инсонӣ ва ҳайвонии ношӣ аз сармоӣ шадид ба нашр расидааст.
Манобеи маҳаллӣ аз набуди имконоти ҳаддиақале барои муқобила бо сармо ва ҷилавгирӣ аз талафот шикоят доранд ва гуфтаанд, ки мақомҳои маҳаллии толибҳо ҳеҷ тадбире барои расидагӣ ба мушкилот надоранд.
Аз сӯйи ҳам, шуморӣ аз муассисоти байналмилалӣ хадамоташонро ба далели сиёсати толибҳо дар мавриди ҳазфи занон аз ҷомеъа ба ҳолати таълиқ даровардаанд.
Ёдовари мекунем, ки имрӯзҳо Тоҷикистон кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳам дар оғуши сармо ва бориши барфи шадид қарор гирифтааст.
Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон рӯзҳои 19 ва 20 январ дар роҳҳои минтақаи кӯҳӣ хавфи фаромадани трама зиёд аст.
КҲФ аз ҷумла роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғобро хатарнок арзёбӣ кард. Зеро хавфи фаромадани трама дар ин роҳҳо ниҳоят баланд аст.