https://sputnik.tj/20230120/okhirin-zindoni-eroni-tojikiston-istirdod-1054372063.html
Охирин зиндонии эронӣ дар Тоҷикистон ба Эрон истирдод шуд
Охирин зиндонии эронӣ дар Тоҷикистон ба Эрон истирдод шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар зиндонҳои Тоҷикистон танҳо як эронӣ будааст, ки он ҳам ахиран ба итттлои сафири Эрон дар Душанбе ба кишвараш истирдод шудааст
2023-01-20T16:35+0500
2023-01-20T16:35+0500
2023-01-20T16:35+0500
дар тоҷикистон
эрон
истирдод
мунтақил
зиндонӣ
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101412/94/1014129444_0:76:2462:1460_1920x0_80_0_0_b38b51220d06481d735e99c696cc09ad.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ аз интиқоли танҳо зиндонии эронии боқимонда дар Тоҷикистон хабар дод.Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар ин бора дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттир хабар додааст.“Бо пайгирӣ ва ройзаниҳои сафорат ва ҳамоҳангиҳои ба амаломада бо Вазорати умури хориҷа ва Вазорати додгустарии Эрон ва мусоидати мақомоти қазоии Тоҷикистон ва дар чорчӯби мувофиқатномаи интиқоли маҳкумони байни ду кишвар, танҳо зиндонии боқимондаи эронӣ дар Тоҷикистон ба кишварамон мунтақил шуд”, - гуфтааст Муҳаммадтақии Собирӣ.Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон танҳо як шаҳрванди Эрон адои ҷазо мекунад.Мақомот иттилоъ дода буд, ки додгоҳи Хатлон як марди 50-сола, шаҳрванди Эронро барои сӯиқасди куштору роҳзанӣ ба 17 соли зиндон маҳкум карда буд.Ҳамзамон қаблан мақомоти Тоҷикистон хабар дода буд, ки ягон шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди Эрон зиндонӣ нест.Аммо дар пайи як амали террористии ахир дар яке аз масҷидҳои Эрон як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда буд. Тақдири ин шаҳварнди боздоштшудаи Тоҷикистон то ҳол маълум нест.
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101412/94/1014129444_118:0:2306:1641_1920x0_80_0_0_7e93bf61cc42bde950a7f1eef6c1e1bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, мунтақил, истирдод, зиндонӣ, эронӣ, сафир
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, мунтақил, истирдод, зиндонӣ, эронӣ, сафир
Охирин зиндонии эронӣ дар Тоҷикистон ба Эрон истирдод шуд
Дар зиндонҳои Тоҷикистон танҳо як эронӣ будааст, ки он ҳам ахиран ба итттлои сафири Эрон дар Душанбе ба кишвараш истирдод шудааст
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ аз интиқоли танҳо зиндонии эронии боқимонда дар Тоҷикистон хабар дод.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар ин бора дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттир хабар додааст.
“Бо пайгирӣ ва ройзаниҳои сафорат ва ҳамоҳангиҳои ба амаломада бо Вазорати умури хориҷа ва Вазорати додгустарии Эрон ва мусоидати мақомоти қазоии Тоҷикистон ва дар чорчӯби мувофиқатномаи интиқоли маҳкумони байни ду кишвар, танҳо зиндонии боқимондаи эронӣ дар Тоҷикистон ба кишварамон мунтақил шуд”, - гуфтааст Муҳаммадтақии Собирӣ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон танҳо як шаҳрванди Эрон адои ҷазо мекунад.
Мақомот иттилоъ дода буд, ки додгоҳи Хатлон як марди 50-сола, шаҳрванди Эронро барои сӯиқасди куштору роҳзанӣ ба 17 соли зиндон маҳкум карда буд.
Ҳамзамон қаблан мақомоти Тоҷикистон хабар дода буд, ки ягон шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди Эрон зиндонӣ нест.
Аммо дар пайи як амали террористии ахир дар яке аз масҷидҳои Эрон як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда буд. Тақдири ин шаҳварнди боздоштшудаи Тоҷикистон то ҳол маълум нест.