https://sputnik.tj/20230120/imzo-protokol-jadid-marz-tojikiston-qirghiziston-1054366562.html
Имзои протоколи ҷадиди марзии Тоҷикистону Қирғизистон баъди музокироти 7-рӯза
Имзои протоколи ҷадиди марзии Тоҷикистону Қирғизистон баъди музокироти 7-рӯза
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давоми 7 рӯз дар шаҳри Душанбе мушаххассозии марзро баррасӣ намудаанд
2023-01-20T15:00+0500
2023-01-20T15:00+0500
2023-01-20T15:00+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
марз
қирғизистон
гуфтушунид
гуруҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043035594_0:183:2995:1867_1920x0_80_0_0_36b91f5ad89463d3264b31147274b03e.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Мақомоти тоҷику қирғиз дар пайи гуфтушунид дар масоили марзӣ протоколи ҷадидро имзо кардаанд, хабар дод Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, мулоқоти ҷонибҳо 7 рӯз дар шаҳри Душанбе ҷараён дошт. "Рӯзҳои 13 – 20 январи соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, дар натиҷа протокол имзо гардид. Мувофиқа шудааст, ки вохӯрии навбатии тарафҳо дар Қирғизистон баргузор мегардад.Бишкек ва Душанбе якдилона бар ин назаранд, ки масъалаи аломатгузории марз бояд ҳарчи зудтар ҳалли худро пайдо мекунад ва азм доранд соли равон онро анҷом диҳанд.Ҳамин тариқ, хати сарҳадии мувофиқашудаи Тоҷикистону Қирғизистон аллакай тақрибан 625 километр ё тақрибан 63%-и дарозии онро ташкил медиҳад.Қобили зир аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябри соли гузашта авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд, аммо азмашонро барои ҷилавгирӣ аз такрор баён доштанд.
https://sputnik.tj/20230120/sarvazir-qalamravi-qirghiziston-vasetar-shud-1054364901.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043035594_131:0:2862:2048_1920x0_80_0_0_fc82bdf4b3ea50b8d144e2c733564a86.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
анҷом, музокирот, ҳафтаина, бишкек, душанбе
анҷом, музокирот, ҳафтаина, бишкек, душанбе
Имзои протоколи ҷадиди марзии Тоҷикистону Қирғизистон баъди музокироти 7-рӯза
Гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давоми 7 рӯз дар шаҳри Душанбе мушаххассозии марзро баррасӣ намудаанд
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Мақомоти тоҷику қирғиз дар пайи гуфтушунид дар масоили марзӣ протоколи ҷадидро имзо кардаанд, хабар дод Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти ҷонибҳо 7 рӯз дар шаҳри Душанбе ҷараён дошт.
"Рӯзҳои 13 – 20 январи соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, дар натиҷа протокол имзо гардид. Мувофиқа шудааст, ки вохӯрии навбатии тарафҳо дар Қирғизистон баргузор мегардад.
Бишкек ва Душанбе якдилона бар ин назаранд, ки масъалаи аломатгузории марз бояд ҳарчи зудтар ҳалли худро пайдо мекунад ва азм доранд соли равон онро анҷом диҳанд.
Ҳамин тариқ, хати сарҳадии мувофиқашудаи Тоҷикистону Қирғизистон аллакай тақрибан 625 километр ё тақрибан 63%-и дарозии онро ташкил медиҳад.
Қобили зир аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.
Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябри соли гузашта авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд, аммо азмашонро барои ҷилавгирӣ аз такрор баён доштанд.