Доруи дард ё маводи мухаддир: Истифодаи нашъа ба ҷои даво дар Бадахшони Афғонистон - видео

Обуна шудан
Ҳукумати толибҳо бо судури як фатвои вижа кишту парвариш, хариду фурӯш, қочоқ ва ҳатто истеъмоли маводи мухаддирро аз нигоҳи шариатӣ ҳаром ҳукм кардаанд
Дар навоҳии наздимарзии вилояти Бадахшони Афғонистон бархе аз хонаводаҳо ба ҷои доруи дардсабуккунанда аз маводи мухаддир истифода мекунанд.
Ба гуфтаи онҳо, коре барои дарёфти маблағу муолиҷа надоранд ва беморхонаҳои наздику дастрас низ нест.
Иштибоҳ кардем: Толибҳо хатояшонро баъди сари қудрат расидан эътироф карданд
Ягона дармонгоҳ барои муолиҷаи нашъамандон танҳо дар шаҳри Файзобод - маркази маъмурии вилоят мавҷуд аст.
Бинобар набуди маводи тиббиву дастрасӣ ба табибон онҳоро ба чунин роҳ бурдааст, ки ҳамакнун бо умеди муолиҷа муътод шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0