https://sputnik.tj/20230119/ojonsii-ziddi-fasod-marg-marmuz-maqomdor-panjakent-sharh-1054334241.html
Оҷонсии зидди фасод марги мармузи мақомдори Панҷакентро шарҳ дод
Оҷонсии зидди фасод марги мармузи мақомдори Панҷакентро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Бархе аз сомонаҳои хабарӣ дар кишвар иллати марги мақомдори Панҷакентро фишороварии кормандони Оҷонсии зидди фасод арзёбӣ намуданд
2023-01-19T14:52+0500
2023-01-19T14:52+0500
2023-01-19T14:52+0500
дар тоҷикистон
оҷонсии зидди фасод
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032832321_0:1:1280:721_1920x0_80_0_0_844ad9b4953d466a8bfe192f8469bee5.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод хабару овозаҳо дар мавриди он ки фишороварии кормандони ин ниҳод як мақомдори Панҷакентро ба марг расонид, комилан рад намуда, онро беасос ва дур аз воқеият арзёбӣ кард.Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод дар шарҳи сабаби марги сардори шуъбаи назорати кумакпулиҳои иҷтимоии раёсати Оҷонсии суғутаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент гуфт. марҳум аз асфексияи механкиӣ дар натиҷаи пахш шудани узвҳои гардан вафот кард.Ин ниҳод афзуд, нисбати марҳум моҳи октябри соли гузашта бо ҷурми суистифода намудан аз ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноятӣ боз гардида буд.Барои тафтиши ҳамаҷониба кормандони Оҷонсӣ гумонбаршударо тибқи қонун бозпурсӣ намуданд, ва вале ӯ аз рафти бозпурсиҳо ягон маротиба шикоят накарда буд, омадааст дар хабарнома.Маврид ба зикр аст, ки ҷасади ба дор овехтаи корманди раёсати оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакентро пайвандони ӯ дар манзили истиқоматияш пайдо намуданд.Ба боварии онҳо, марҳум бинобар таъқибу фишори кормандони оҷонсӣ даст ба худкушӣ задааст, вале ин ниҳод мегӯяд, онҳо муҷиби фавти ӯ нашудаанд.Бо вуҷуди ин, аз сӯи мақомоти прокуратура сабаби марги ӯ тафтиш мешавад.
https://sputnik.tj/20211102/ojonsi-mansabdor-devashtich-qallob-bozdosht-1043228162.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032832321_160:0:1121:721_1920x0_80_0_0_2db20c8ab4e35547a0c8c21b5368d43b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оҷонсии зидди фасод панҷакент марг шарҳ
оҷонсии зидди фасод панҷакент марг шарҳ
Оҷонсии зидди фасод марги мармузи мақомдори Панҷакентро шарҳ дод
Бархе аз сомонаҳои хабарӣ дар кишвар иллати марги мақомдори Панҷакентро фишороварии кормандони Оҷонсии зидди фасод арзёбӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод хабару овозаҳо дар мавриди он ки фишороварии кормандони ин ниҳод як мақомдори Панҷакентро ба марг расонид, комилан рад намуда, онро беасос ва дур аз воқеият арзёбӣ кард.
Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод дар шарҳи сабаби марги сардори шуъбаи назорати кумакпулиҳои иҷтимоии раёсати Оҷонсии суғутаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент гуфт. марҳум аз асфексияи механкиӣ дар натиҷаи пахш шудани узвҳои гардан вафот кард.
Ин ниҳод афзуд, нисбати марҳум моҳи октябри соли гузашта бо ҷурми суистифода намудан аз ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноятӣ боз гардида буд.
Барои тафтиши ҳамаҷониба кормандони Оҷонсӣ гумонбаршударо тибқи қонун бозпурсӣ намуданд, ва вале ӯ аз рафти бозпурсиҳо ягон маротиба шикоят накарда буд, омадааст дар хабарнома.
Маврид ба зикр аст, ки ҷасади ба дор овехтаи корманди раёсати оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакентро пайвандони ӯ дар манзили истиқоматияш пайдо намуданд.
Ба боварии онҳо, марҳум бинобар таъқибу фишори кормандони оҷонсӣ даст ба худкушӣ задааст, вале ин ниҳод мегӯяд, онҳо муҷиби фавти ӯ нашудаанд.
Бо вуҷуди ин, аз сӯи мақомоти прокуратура сабаби марги ӯ тафтиш мешавад.