https://sputnik.tj/20230119/kishvarho-osiyoi-markazi-khaliji-fors-nishast-mushtarak-omodagi-1054338930.html
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс ба як нишасти муштарак омодагӣ мегиранд
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс ба як нишасти муштарак омодагӣ мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс санаи баргузории нахустин мулоқоти раҳбарони давлатҳоро баррасӣ мекунанд 19.01.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-01-19T16:55+0500
2023-01-19T16:55+0500
2023-01-19T16:55+0500
осиёи марказӣ
саммит
халиҷи форс
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102235/32/1022353214_0:257:2731:1793_1920x0_80_0_0_933dcd58c50bf8b5b6ac10cf781ae140.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои Ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс ба нахустин нишасти сарони давлатҳо омодагӣ мегиранд. Дар ин бора оҷонсии иттилоотии "Дунё"- и Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон хабар дод.Ба ин тартиб, ба иттилои ин ниҳод, дар Риёз мулоқоти сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони Котиботи кулли Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд.Муовини дабири кулли СҲКА Абдулазиз Ҳамад ал-Увайшик таъкид кард, ки кишварҳои Халиҷи Форс ҳамеша бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити хуб доштаанд ва ба рушди минбаъдаи онҳо манфиатдоранд. "Таҳдиди якдилонаи кишварҳои Халиҷи Форс ҷиҳати амиқтар кардани ҳамкориҳо бо ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳама самтҳо ва таҳкими минбаъдаи муколамаи амалӣ дар формати ШҲКА - Осиёи Марказӣ изҳор карда шуд", - таъкид дошт "Дунё".Бандарҳои Эрон дар ихтиёри кишварҳои узви СҲШ гузошта мешавандМоҳи сентябри соли 2022 дар Ар-Риёз кишварҳои Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ нахустин нишасти муколамаро дар сатҳи сарони умури хориҷӣ баргузор карданд. Ба ҳайати Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабӣ ва Халиси Форс шаш кишвари арабие, ки ба Халиҷи Форс дастрасӣ доранд: Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Баҳрайн, Уммон ва Қатарро шомил гадиданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102235/32/1022353214_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_29fe628d69400468b661418fdbf3341d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, саммит, халиҷи форс, сиёсат
осиёи марказӣ, саммит, халиҷи форс, сиёсат
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс ба як нишасти муштарак омодагӣ мегиранд
Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс санаи баргузории нахустин мулоқоти раҳбарони давлатҳоро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои Ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс ба нахустин нишасти сарони давлатҳо омодагӣ мегиранд. Дар ин бора оҷонсии иттилоотии "Дунё"- и Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон хабар дод.
Ба ин тартиб, ба иттилои ин ниҳод, дар Риёз мулоқоти сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони Котиботи кулли Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд.
"Дар мулоқот замони баргузории нишасти аввали сарони кишварҳои узви муколамаи стратегии "ШҲКА - Осиёи Марказӣ" дар Арабистони Саудӣ ва масъалаҳои марбут ба ин ҳодиса баррасӣ шуд", - омадааст дар хабари агентӣ.
Муовини дабири кулли СҲКА Абдулазиз Ҳамад ал-Увайшик таъкид кард, ки кишварҳои Халиҷи Форс ҳамеша бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити хуб доштаанд ва ба рушди минбаъдаи онҳо манфиатдоранд.
"Таҳдиди якдилонаи кишварҳои Халиҷи Форс ҷиҳати амиқтар кардани ҳамкориҳо бо ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳама самтҳо ва таҳкими минбаъдаи муколамаи амалӣ дар формати ШҲКА - Осиёи Марказӣ изҳор карда шуд", - таъкид дошт "Дунё".
Моҳи сентябри соли 2022 дар Ар-Риёз кишварҳои Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ нахустин нишасти муколамаро дар сатҳи сарони умури хориҷӣ баргузор карданд.
Ба ҳайати Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабӣ ва Халиси Форс шаш кишвари арабие, ки ба Халиҷи Форс дастрасӣ доранд: Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Баҳрайн, Уммон ва Қатарро шомил гадиданд.