https://sputnik.tj/20230118/vmkb-moshin-borkash-band-mondaand-1054291640.html
Дар роҳҳои ВМКБ мошинҳои боркаш ях баста банд мондаанд: ҳушдори ВКД
Дар роҳҳои ВМКБ мошинҳои боркаш ях баста банд мондаанд: ҳушдори ВКД
ВУД Тоҷикистон банд мондани мошинҳои боркашро дар роҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба истифодаи сӯзишвории пастсифат рабт додааст
2023-01-18T12:36+0500
2023-01-18T12:36+0500
2023-01-18T12:37+0500
вкд
дар тоҷикистон
ронанда
роҳ
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/08/1054051392_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_3d5a94ea314b14f880f96aa935db2992.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар роҳҳои ВМКБ мошинҳои боркаш бинобар сардии ҳаво ях баста ва банд мондаанд.Дар ин бора, Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки ҳафтаи охир бинобар паст шудани ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои гуногуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мошинҳо ях карда, дар роҳ банд мондаанд.Манбаъ сабабашро аз тарафи баъзе ронандагон истифода намудани сӯзишвории дизелии тобистона ва пастсифат гуфтааст.Дар ин росто, ин ниҳод ба ронандагон ҳушдор додааст, ки дар чунин роҳҳо танҳо аз сӯзишвории баландсифат истифода баранд.Ин дар ҳолест, ки сардии шадид ва зиёд шудани яхпораҳо дар дарёи Ғунд ба фаъолияти муътадили Неругоҳи барқи обии "Помир-1" ва НБО-и "Хоруғ" монеа эҷод намуда, корхонаи ордбарорӣ аз фаъолият бозмонд.Дар ВМКБ кори нерӯгоҳҳо номуътадил шуду, корхонаи ордбарорӣ аз фаъолият мондЁдовар мешавем, ки тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, ҳавои хунук дар кишвар то 25 январ боқӣ мемонад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/08/1054051392_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_f3eefea69ba304377004e670cdf4a968.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
вкд, мошинҳои боркаш, яхбандӣ
вкд, мошинҳои боркаш, яхбандӣ
Дар роҳҳои ВМКБ мошинҳои боркаш ях баста банд мондаанд: ҳушдори ВКД
12:36 18.01.2023 (Навсозишуда: 12:37 18.01.2023) ВУД Тоҷикистон банд мондани мошинҳои боркаш дар роҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба истифодаи сӯзишвории пастсифат рабт додааст
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар роҳҳои ВМКБ мошинҳои боркаш бинобар сардии ҳаво ях баста ва банд мондаанд.
Дар ин бора, Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳафтаи охир бинобар паст шудани ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои гуногуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мошинҳо ях карда, дар роҳ банд мондаанд.
Манбаъ сабабашро аз тарафи баъзе ронандагон истифода намудани сӯзишвории дизелии тобистона ва пастсифат гуфтааст.
Дар ин росто, ин ниҳод ба ронандагон ҳушдор додааст, ки дар чунин роҳҳо танҳо аз сӯзишвории баландсифат истифода баранд.
"ВКД ба диққати роҳбарони муассисаҳои нақлиётӣ ва ронандагони боркаш мерасонад, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои дорои ҳавои сарди шадид бе таъмини сӯзишвории дизелии махсуси зимистона ва хушсифат ба роҳ набароянд", - омадааст дар хабарнома.
Ин дар ҳолест, ки сардии шадид ва зиёд шудани яхпораҳо дар дарёи Ғунд ба фаъолияти муътадили Неругоҳи барқи обии "Помир-1" ва НБО-и "Хоруғ" монеа эҷод намуда, корхонаи ордбарорӣ аз фаъолият бозмонд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, ҳавои хунук дар кишвар то 25 январ боқӣ мемонад.