https://sputnik.tj/20230118/tabiboni-khatlon-25-jarrohii-nav-1054292901.html
Пас аз интиқоди президент: табибони Хатлон 25 ҷарроҳии нав ба роҳ монданд
Пас аз интиқоди президент: табибони Хатлон 25 ҷарроҳии нав ба роҳ монданд
Sputnik Тоҷикистон
Табибони вилояти Хатлон бемориҳои вазнини талха, кистаҳои ҷигар, ғадуди зери меъда ва узвҳои занонаро бо усулҳои муосир ҷарроҳӣ кардаанд
2023-01-18T13:08+0500
2023-01-18T13:08+0500
2023-01-18T13:09+0500
вазорати тандурустӣ
дар тоҷикистон
хатлон
тандурустӣ
амалиёти ҷарроҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/03/1032205206_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_eff9b0a708e0fc71a4a80cd96c9216e3.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Соли 2022 дар вилояти Хатлон 25 намуди амалиёти нави ҷарроҳиеро, ки қаблан дар муассисаҳои тандурустии вилоят гузаронида намешуданд, ба роҳ монданд. Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.Яке аз ин намудҳо бо усули нави ҷарроҳии найчагузории маҷроҳои талхагузар, кистаҳои солитарии ҷигар, гурда ва узвҳои занона таҳти назорати дастгоҳи ташхисии фаросавтӣ гузаронида шудааст.Ин ҷарроҳӣ дар Беморхонаи клиникии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб ба роҳ монда шудааст, афзудааст манбаъ.Дар беморхонаи мазкур инчунин амалиёти ҷарроҳии бурида гирифтани думи ғадуди зери меъда бо киста низ ба роҳ монда шудааст.Ҳамчунин, дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар бо ташхиси "тангшавии роҳҳои пешобрав" амалиёти ҷарроҳии "ретеропластикаи аугментатсионӣ" бо истифодаи пардаи луобии лунҷ ба роҳ монда шудааст.Аз силикон дар меъда то сутунмуҳра: Ҷарроҳиҳои нодир дар ТоҷикистонДар ин беморхона, ҳамчунин, амалиёти ҷарроҳии "эхинококози шушҳо" бо усули торакоскопӣ тариқи видеоассистентӣ ва ҷарроҳии тармимӣ дар суфраи гӯш гузаронида шуданд.Соли гузашта табибони Хатлон усулҳои дигари ҷарроҳиро муваффақона гузарониданд, ки боси коҳиш ёфтани теъдоди беморони хориҷирав гардидааст.Ин дар ҳолест, ки кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кори табибони тоҷик интиқод карда, гуфта буд, ки махсусан мақомдорон ҳатто барои муолиҷаи дарди сар ба хориҷа медаванд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/03/1032205206_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_f803adea4db5a7474ca4f3478949cf1d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷарроҳӣ, хатлон, табибон, соли 2022, 25 намуд
ҷарроҳӣ, хатлон, табибон, соли 2022, 25 намуд
Пас аз интиқоди президент: табибони Хатлон 25 ҷарроҳии нав ба роҳ монданд
13:08 18.01.2023 (Навсозишуда: 13:09 18.01.2023) Табибони вилояти Хатлон бемориҳои вазнини талха, кистаҳои ҷигар, ғадуди зери меъда ва узвҳои занонаро бо усулҳои муосир ҷарроҳӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Соли 2022 дар вилояти Хатлон 25 намуди амалиёти нави ҷарроҳиеро, ки қаблан дар муассисаҳои тандурустии вилоят гузаронида намешуданд, ба роҳ монданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.
Яке аз ин намудҳо бо усули нави ҷарроҳии найчагузории маҷроҳои талхагузар, кистаҳои солитарии ҷигар, гурда ва узвҳои занона таҳти назорати дастгоҳи ташхисии фаросавтӣ гузаронида шудааст.
Ин ҷарроҳӣ дар Беморхонаи клиникии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб ба роҳ монда шудааст, афзудааст манбаъ.
Дар беморхонаи мазкур инчунин амалиёти ҷарроҳии бурида гирифтани думи ғадуди зери меъда бо киста низ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар бо ташхиси "тангшавии роҳҳои пешобрав" амалиёти ҷарроҳии "ретеропластикаи аугментатсионӣ" бо истифодаи пардаи луобии лунҷ ба роҳ монда шудааст.
Дар ин беморхона, ҳамчунин, амалиёти ҷарроҳии "эхинококози шушҳо" бо усули торакоскопӣ тариқи видеоассистентӣ ва ҷарроҳии тармимӣ дар суфраи гӯш гузаронида шуданд.
Соли гузашта табибони Хатлон усулҳои дигари ҷарроҳиро муваффақона гузарониданд, ки боси коҳиш ёфтани теъдоди беморони хориҷирав гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кори табибони тоҷик интиқод карда, гуфта буд, ки махсусан мақомдорон ҳатто барои
муолиҷаи дарди сар ба хориҷа медаванд.