https://sputnik.tj/20230118/igor-cherevchenko-sarmurabbii-istiqlol-1054298500.html
"Ин ҷо Ватани ман аст": Игор Черевченко расман сармураббии "Истиқлол" шуд
"Ин ҷо Ватани ман аст": Игор Черевченко расман сармураббии "Истиқлол" шуд
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ бозингари тими миллии Тоҷикистон ва мураббии шинохта, акнун ба ҳайси сармураббӣ қаҳрамони феълии ҷумҳуриро тамрин хоҳад дод
2023-01-18T14:20+0500
2023-01-18T14:20+0500
2023-07-04T17:43+0500
футбол
игор черевченко
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
тими "истиқлол"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/12/1054298644_317:113:1141:576_1920x0_80_0_0_b0c3e82c00a5336dd1346eba26c0bc02.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Мураббӣ Игор Черевченко ба тими "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе пайваст. Маросими имзои шартнома дар шаҳри Душанбе аллакай баргузор шуд, хабар дод мухбири Sputnik Тоҷикистон.Черевченко дар меҳмонхонаи "Ҳаят Реҷенсӣ"-и Душанбе, шартномаро ба ҳайси сармураббии "Истиқлол" ба муҳлати як сол имзо кард.Ба гуфтаи мураббӣ, пешниҳодҳои дигари ҳамкорӣ низ буданд, аммо ӯ Тоҷикистонро интихоб кард.Мӯҳсин Муҳаммадиев зимни муаррифии сармураббии ҷадид, ин рӯзро аз хушбахттарин рӯзҳо унвон кард."Мо бисёр шодем, ки варзишкорони собиқ ба Ватан баргаштанд ва барои рушди футболи тоҷик кор хоҳанд кард. Мо талош мекунем, ки ба ҳадафҳои гузошташуда бирасем", - гуфт ӯ.Чи тавре, ки худи Черевченко гуфт, таъиноти навро ӯ ҳамчун қарз ва даъват мешуморад. Черевченко 48 сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи "Помир"-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.Черевченко ба ҳайси сармураббӣ ба Тоҷикистон меравадӮ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои “Химки” "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.Тими охирине, ки ӯ мураббигӣ мекард, "Химки"-и вилояти Маскав буда, моҳи феврали соли 2022 аз қатъи ҳамкорӣ хабар доданд.Дар пайи анҷоми кор "Химки" Игор Черевченко имкони гузаштан ба чемпионатҳои хориҷиро дошт, аммо зарур надонист, гуфта буд ӯ зимни як мусоҳиба.Ба суоле, ки оё ҳатто ба Тоҷикистон ҳам, Черевченко изҳор дошт, ки танҳо ба ҳайси сармураббии тими миллӣ метавонад равад.Бояд ҳама чиро таҷриба кард, аммо мураббӣ худаш худро пешниҳод намекунад, бояд ӯро даъват кунанд, гуфта буд Черевченко.
https://sputnik.tj/20230115/sultonov-ba-timi-rodina-i-maskav-payvast-1054217893.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/12/1054298644_426:122:1031:576_1920x0_80_0_0_aa8fce7b67b753d9e9772071810f5aa5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозгашт, черевченко, тоҷикистон
бозгашт, черевченко, тоҷикистон
"Ин ҷо Ватани ман аст": Игор Черевченко расман сармураббии "Истиқлол" шуд
14:20 18.01.2023 (Навсозишуда: 17:43 04.07.2023) Эксклюзив
Собиқ бозингари тими миллии Тоҷикистон ва мураббии шинохта, акнун ба ҳайси сармураббӣ қаҳрамони феълии ҷумҳуриро тамрин хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Мураббӣ Игор Черевченко ба тими "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе пайваст. Маросими имзои шартнома дар шаҳри Душанбе аллакай баргузор шуд, хабар дод мухбири
Sputnik Тоҷикистон.
Черевченко дар меҳмонхонаи "Ҳаят Реҷенсӣ"-и Душанбе, шартномаро ба ҳайси сармураббии "Истиқлол" ба муҳлати як сол имзо кард.
Ба гуфтаи мураббӣ, пешниҳодҳои дигари ҳамкорӣ низ буданд, аммо ӯ Тоҷикистонро интихоб кард.
Мӯҳсин Муҳаммадиев зимни муаррифии сармураббии ҷадид, ин рӯзро аз хушбахттарин рӯзҳо унвон кард.
"Мо бисёр шодем, ки варзишкорони собиқ ба Ватан баргаштанд ва барои рушди футболи тоҷик кор хоҳанд кард. Мо талош мекунем, ки ба ҳадафҳои гузошташуда бирасем", - гуфт ӯ.
Чи тавре, ки худи Черевченко гуфт, таъиноти навро ӯ ҳамчун қарз ва даъват мешуморад.
"Ин ватани ман аст, ҷое, ки ба ман футболбозиро омӯхтанд", - изҳор дошт мураббӣ дар бораи бозгашти худ ба Тоҷикистон.
Черевченко 48 сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи "Помир"-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.
Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои “Химки” "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.
Тими охирине, ки ӯ мураббигӣ мекард, "Химки"-и вилояти Маскав буда, моҳи феврали соли 2022 аз қатъи ҳамкорӣ хабар доданд.
Дар пайи анҷоми кор "Химки" Игор Черевченко имкони гузаштан ба чемпионатҳои хориҷиро дошт, аммо зарур надонист, гуфта буд ӯ зимни як мусоҳиба.
Ба суоле, ки оё ҳатто ба Тоҷикистон ҳам, Черевченко изҳор дошт, ки танҳо ба ҳайси сармураббии тими миллӣ метавонад равад.
Бояд ҳама чиро таҷриба кард, аммо мураббӣ худаш худро пешниҳод намекунад, бояд ӯро даъват кунанд, гуфта буд Черевченко.