https://sputnik.tj/20230118/arish-tojikiston-mashqgoh-fakhrobod-1054290893.html
Сарбозони ариши Тоҷикистон дар машқгоҳи "Фахробод" тирпарронӣ карданд
Сарбозони ариши Тоҷикистон дар машқгоҳи "Фахробод" тирпарронӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар тамрингоҳи "Фахробод" маҳорати касбии худро аз фанҳои мухталифи низомӣ ва тарбияи ҷисмонӣ сайқал доданд
2023-01-18T11:26+0500
2023-01-18T11:26+0500
2023-01-18T11:26+0500
вазорати дифоъи тоҷикистон
тамрин
қувваҳои мусаллаҳи ҷт
амният ва мудофиа
размоиш
нерӯҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/12/1054290674_0:0:751:422_1920x0_80_0_0_d55a77352aa39d9b7cf5ddea6371b1db.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар тамрингоҳи ҳарбии "Фахробод"-и вилояти Хатлон бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни артиши миллӣ дарсу машғулияти мухталифи амалии саҳроӣ баргузор шуд.Мақсад аз баргузории тамринҳо, тақвият бахшидан ба маҳорату малакаи касбӣ ва сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсӣ аст, хабар медиҳад Вазорати дифои Тоҷикистон.Ҳадафи дигари баргузории ҷамъомади методӣ-таълимӣ зимни пешбурди вазифаҳои хизматӣ - дар амал нишон додани роҳу усулҳои нави омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ, сайқал додани донишу малака, табодули таҷрибаи ҳамдигар ва баланд бардоштани масъулияти иштирокчиёни он дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг будааст.Ҳамин тавр, сарбозон дар машқгоҳи ҳарбии "Фахробод" ба дарсҳои тайёрии амалиётӣ ва ҷамъиятӣ-давлатӣ фаро гирифта шудаанд. Баҳри сайқал додани донишу малака ва маҳорати касбӣ онҳо аз фанҳои мухталифи низомӣ ва тарбияи ҷисмонӣ санҷиш супоридаанд. Манбаъ афзуда, ки мшғулияти методӣ-таълимӣ дар толори яке аз қисмҳои низомии тобеи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъбаст карда шуд.Тамринҳои муштараки зиддитеррористии артиши Тоҷикистон дар “Фахробод” анҷом ёфтИн дар ҳолест, ки пештар дар машқгоҳи “Фахробод”-и гарнизони Хатлон тамринҳои муштараки зиддитеррористии ҷузъу томи таъйиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар се марҳила доир шуда буд.Ин машқҳо дар доираи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баргузор шуданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/12/1054290674_93:0:656:422_1920x0_80_0_0_0ca7ee3039c31d70e04d70b1c892422b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
машқҳо, артиши тоҷикистон, "фахробод"
машқҳо, артиши тоҷикистон, "фахробод"
Сарбозони ариши Тоҷикистон дар машқгоҳи "Фахробод" тирпарронӣ карданд
Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар тамрингоҳи "Фахробод" маҳорати касбии худро аз фанҳои мухталифи низомӣ ва тарбияи ҷисмонӣ сайқал доданд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар тамрингоҳи ҳарбии "Фахробод"-и вилояти Хатлон бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни артиши миллӣ дарсу машғулияти мухталифи амалии саҳроӣ баргузор шуд.
Мақсад аз баргузории тамринҳо, тақвият бахшидан ба маҳорату малакаи касбӣ ва сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсӣ аст, хабар медиҳад Вазорати дифои Тоҷикистон.
Ҳадафи дигари баргузории ҷамъомади методӣ-таълимӣ зимни пешбурди вазифаҳои хизматӣ - дар амал нишон додани роҳу усулҳои нави омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ, сайқал додани донишу малака, табодули таҷрибаи ҳамдигар ва баланд бардоштани масъулияти иштирокчиёни он дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг будааст.
Ҳамин тавр, сарбозон дар машқгоҳи ҳарбии "Фахробод" ба дарсҳои тайёрии амалиётӣ ва ҷамъиятӣ-давлатӣ фаро гирифта шудаанд.
Баҳри сайқал додани донишу малака ва маҳорати касбӣ онҳо аз фанҳои мухталифи низомӣ ва тарбияи ҷисмонӣ санҷиш супоридаанд.
"Илова бар ин, қобилияти иштирокчиёни ҷамъомади методӣ-таълимӣ бо истифода аз силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва аз рӯйи тирпаронӣ мавриди баҳогузорӣ қарор дода шуд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки мшғулияти методӣ-таълимӣ дар толори яке аз қисмҳои низомии тобеи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъбаст карда шуд.
Ин дар ҳолест, ки пештар дар машқгоҳи “Фахробод”-и гарнизони Хатлон тамринҳои муштараки зиддитеррористии ҷузъу томи таъйиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар се марҳила доир шуда буд.
Ин машқҳо дар доираи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баргузор шуданд.