https://sputnik.tj/20230117/tehron-shahrho-eron-sarmo-ghayrioddi-aks-1054285221.html
Теҳрон 2023: Шаҳрҳои Эронро сармоҳои ғайриоддӣ фаро гирифтаанд - акс
Теҳрон 2023: Шаҳрҳои Эронро сармоҳои ғайриоддӣ фаро гирифтаанд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Ба дунболи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ барфи зиёд ва сардиҳои ғайричашмдошт Эронро фаро гирифт. Ҳаёт дар шаҳрҳо бо мушкилӣ рӯбарӯ шуд
2023-01-17T19:40+0500
2023-01-17T19:40+0500
2023-01-17T19:40+0500
эрон
сардӣ
зимистон
бориши барф
мушкилот
акс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/11/1054276862_0:148:3117:1901_1920x0_80_0_0_245bdd33380419fd4a291ab5b9fc2886.jpg
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/11/1054276862_193:0:2924:2048_1920x0_80_0_0_cb46a3d6459ccbe567766184f8072350.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
теҳрон шаҳрҳои эрон сармо акс
теҳрон шаҳрҳои эрон сармо акс
Теҳрон 2023: Шаҳрҳои Эронро сармоҳои ғайриоддӣ фаро гирифтаанд - акс
Ба дунболи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ барфи зиёд ва сардиҳои ғайричашмдошт Эронро фаро гирифт. Ҳаёт дар шаҳрҳо бо мушкилӣ рӯбарӯ шуд

Сардиҳои шадидтарин ба Эрон низ расид, ки сокинони кишвар беш аз 10 сол боз надида буданд.

Дар баъзе маҳаллаҳо ҳарорати ҳаво то -27 дараҷа паст шуд. Кормандони идораҳои коммуналӣ дар бартараф кардани боришот мубориза мебаранд.

Сардиҳо боиси норасоиҳо дар кори инфрасохтори шаҳр гашт. Ҳазорон бино бе гармиву газ монданд.

Аз ҷумла, интиқоли газ ба 90 000 муштарӣ дар устони Хуросони Разавӣ дар шимолу шарқи Эрон қатъ шудааст.

Бар асари сармои шадид дар вилояти Луристон тамоми идораҳои давлатӣ баста шудаанд. Дар вилояти Гилон кори идораю банкхо қатъ гардид.

Теҳрон сардтарин рӯзҳоро аз оғози зимистон аз сар гузаронид, аммо ин монеъи сайругашти сокинони маҳаллӣ намешавад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Эрон хостори бастани мактабҳо, ниҳодҳои давлатӣ ва бархе аз корхонаҳои хусусӣ шудаанд.

Илова бар ин, бориши барфи зиёд ва яхбандӣ дар хати парвоз дар фурудгоҳи Машҳад боиси лағви қариб 60 парвоз шуд.