https://sputnik.tj/20230117/peskov-afzoish-shumor-neruho-rusiya-amalkard-gharb-marbut-1054285885.html
Песков: Афзоиши шумори нерӯҳои Русия ба амалкарди Ғарб марбут аст
Песков: Афзоиши шумори нерӯҳои Русия ба амалкарди Ғарб марбут аст
Sputnik Тоҷикистон
Раванди зиёдсозии артиши Русия се сол тӯл хоҳад каршид. Дар қаламравҳои нави кишвар низ гурӯҳҳои мустақили нерӯҳои мусаллаҳи мустақар хоҳанд шуд.
2023-01-17T21:00+0500
2023-01-17T21:00+0500
2023-02-08T19:46+0500
артиш
путин
сергей шойгу
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0c/1042786845_440:0:2388:1096_1920x0_80_0_0_8a50b686a9049666f748567dc529e195.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. То 1,5 миллион нафар афзудани шумори нерӯҳои Русия ба иқдомоти Ғарб алайҳи ин кишвар марбут аст. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия изҳор доштааст.Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои ғарбӣ "ҷанги ниёбатиро оғоз кардаанд, ки унсурҳои ширкати ғайримустақим дар амалиёти ҷангиро дар бар мегирад". Маврид ба зикр аст, ки ахиран вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу эълон кард, ки бо тасмими раисиҷумҳури Русия теъдоди нирӯҳои мусаллаҳ ба 1,5 миллион нафар мерасад. Вай таъкид кард, ки дар шумори нирӯҳо аз соли 2023 то 2026 тағйирот ворид хоҳад шуд. Шойгу ваъда дод, ки афзоиши шумори артиш бо таъмини силоҳ, бунёди зербино ва таъмини нирӯҳо ҳамоҳанг хоҳад шуд. Илова бар ин, вазири дифоъи Русия дар бораи таъсиси минтақаҳои низомии Маскав ва Ленинград сухан гуфт. Шойгу ҳамчунин қайд кард, ки дар қаламравҳои нави Русия гурӯҳҳои мустақили нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар мустақар хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20230117/taghyirot-artishi-rusiya-mln-nafar-1054278446.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0c/1042786845_711:0:2172:1096_1920x0_80_0_0_0652ad22dd9bf93772d749a0746cba8f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
песков афзоиши шумор нерӯҳо русия амалкард ғарб марбут
песков афзоиши шумор нерӯҳо русия амалкард ғарб марбут
Песков: Афзоиши шумори нерӯҳои Русия ба амалкарди Ғарб марбут аст
21:00 17.01.2023 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Раванди зиёдсозии артиши Русия се сол тӯл хоҳад каршид. Дар қаламравҳои нави кишвар низ гурӯҳҳои мустақили нерӯҳои мусаллаҳи мустақар хоҳанд шуд.
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. То 1,5 миллион нафар афзудани шумори нерӯҳои Русия ба иқдомоти Ғарб алайҳи ин кишвар марбут аст.
Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия изҳор доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои ғарбӣ "ҷанги ниёбатиро оғоз кардаанд, ки унсурҳои ширкати ғайримустақим дар амалиёти ҷангиро дар бар мегирад".
“Ин тадбирҳо ба он марбут аст, ки амнияти кишвари мо бояд бидуни қайду шарт кафолат дода шавад ва дар ин маврид вазорати дифоъ нақши худро иҷро мекунад", - афзудааст ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу эълон кард, ки бо тасмими раисиҷумҳури Русия теъдоди нирӯҳои мусаллаҳ ба 1,5 миллион нафар мерасад.
Вай таъкид кард, ки дар шумори нирӯҳо аз соли 2023 то 2026 тағйирот ворид хоҳад шуд.
Шойгу ваъда дод, ки афзоиши шумори артиш бо таъмини силоҳ, бунёди зербино ва таъмини нирӯҳо ҳамоҳанг хоҳад шуд.
Илова бар ин, вазири дифоъи Русия дар бораи таъсиси минтақаҳои низомии Маскав ва Ленинград сухан гуфт.
Шойгу ҳамчунин қайд кард, ки дар қаламравҳои нави Русия гурӯҳҳои мустақили нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар мустақар хоҳанд шуд.