https://sputnik.tj/20230117/ob-kam-murojiati-maqomoti-tojik-mardum-barq-1054256466.html
Об каму харҷ зиёд: Муроҷиати мақомоти тоҷик ба мардум дар мавриди барқ
Об каму харҷ зиёд: Муроҷиати мақомоти тоҷик ба мардум дар мавриди барқ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти энергетикии вилояти Хатлон аз афзоиши садамаҳо дар шабакаҳои барқи минтақа ва зарба ба буҷаи давлату оилаҳо ҳушдор додааст
2023-01-17T09:48+0500
2023-01-17T09:48+0500
2023-01-17T09:50+0500
дар тоҷикистон
энергетика
ҳаво
матлаб
барқ
сарфакорӣ
сардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/18/1052393036_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_9d2053daf6b5f0ceecad79a21e65f01a.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Сардшавии ҳаво боиси кам ворид гардидани об ба обанборҳои неругоҳҳои барқии обии Тоҷикистон гашта, хароҷоти об ба далели афзоиши талабот ба неруи барқ 2-3 маротиба меафзояд.Ин нуктаро Раёсати назорати давлатии энергетикӣ дар Хатлон бо нашри як муроҷиатнома ба мардум таъкид кардааст. Масъулин аз шаҳрванон хостаанд, нерӯи барқро сарфакоронаю оқилона истифода баранд. Даъват шудааст, ки аз асбобҳои каммасрафи барқӣ истифода бурда, ба буҷаи оилаву корхона зарари иқтисодӣ нарасонанд. Ба иттилои ин ниҳод, сербории истифодаи барқ дар фасли сармо боиси сар задани садамаҳо, расишҳои кутоҳ ва афзоиши вайроншавии техникаиҳои танзимотӣ мегардад.Мақомоти бахши энержӣ бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ зикр намудаанд, ки сардии бесобиқаи ҳаво моҳи январи соли равон идома хоҳад дошт. "Дар ин давра талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ ба неруи барқ дучанд меафзояд, ки ин ба сарбории зеристгоҳҳову истгоҳҳои трансформаторӣ ва хатҳои интиқоли барқи ҳавоию кабелӣ дар системаи энергетикии мамлакат мегардад", - омадааст дар изҳорот. Ин дар ҳолест, ки сардии камсобиқа дар Тоҷикистон боиси на танҳо мушкилоте дар таъмини нерӯи барқ, балки дар бахши нақлиёту обрасониро низ ба вуҷуд овардааст. Масъулини обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, сардӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ то ҳафтаи охири моҳи январ идома хоҳад дошт.
https://sputnik.tj/20230112/laghv-purra-limit-barq-tojikiston-1054161000.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/18/1052393036_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_365073014fb482096e85f2349894e6ca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муроҷиат, мақомот, мардум, барқ, истифода, нерӯ
муроҷиат, мақомот, мардум, барқ, истифода, нерӯ
Об каму харҷ зиёд: Муроҷиати мақомоти тоҷик ба мардум дар мавриди барқ
09:48 17.01.2023 (Навсозишуда: 09:50 17.01.2023) Мақомоти энергетикии вилояти Хатлон аз афзоиши садамаҳо дар шабакаҳои барқи минтақа ва зарба ба буҷаи давлату оилаҳо ҳушдор додааст
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Сардшавии ҳаво боиси кам ворид гардидани об ба обанборҳои неругоҳҳои барқии обии Тоҷикистон гашта, хароҷоти об ба далели афзоиши талабот ба неруи барқ 2-3 маротиба меафзояд.
Ин нуктаро Раёсати назорати давлатии энергетикӣ дар Хатлон бо нашри як муроҷиатнома ба мардум таъкид кардааст.
Масъулин аз шаҳрванон хостаанд, нерӯи барқро сарфакоронаю оқилона истифода баранд. Даъват шудааст, ки аз асбобҳои каммасрафи барқӣ истифода бурда, ба буҷаи оилаву корхона зарари иқтисодӣ нарасонанд.
Ба иттилои ин ниҳод, сербории истифодаи барқ дар фасли сармо боиси сар задани садамаҳо, расишҳои кутоҳ ва афзоиши вайроншавии техникаиҳои танзимотӣ мегардад.
Мақомоти бахши энержӣ бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ зикр намудаанд, ки сардии бесобиқаи ҳаво моҳи январи соли равон идома хоҳад дошт.
"Дар ин давра талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ ба неруи барқ дучанд меафзояд, ки ин ба сарбории зеристгоҳҳову истгоҳҳои трансформаторӣ ва хатҳои интиқоли барқи ҳавоию кабелӣ дар системаи энергетикии мамлакат мегардад", - омадааст дар изҳорот.
Ин дар ҳолест, ки сардии камсобиқа дар Тоҷикистон боиси на танҳо мушкилоте дар таъмини нерӯи барқ, балки дар бахши нақлиёту обрасониро низ ба вуҷуд овардааст.
Масъулини обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, сардӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ то ҳафтаи охири моҳи январ идома хоҳад дошт.