Черевченко дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир мекунад

© Sputnik / Михаил Куравлев / Гузариш ба медиабонкИгорь Черевченко
Игорь Черевченко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2023
Обуна шудан
Тафсилот ва ҷузъиёти имзои қарордод миёни мураббии шинохта ва тими “Истиқлол”-и Душанберо Игор Черевченко шахсан баён хоҳад мекунад
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Мураббии шинохта ва дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко пас аз имзои қарордод бо дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мекунад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз дафтари матбуоти бошгоҳи футбол хабар доданд.
"Дар нақша дорем, ки бо иштироки мураббӣ нишасти матбуотӣ баргузор кунем", - гуфт манбаъ.
Маълум аст, ки Игор Черевченко бевақтии шаби 16 январ вориди пойтахти Тоҷикистон шудааст. Ҳамроҳи ӯ дастпарвари дигари футболи тоҷик Юрий Батуренко аз Маскав омад.
"Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мураббиёни маъруфро роҳбарият ва кормандони бошгоҳи пойтахт самимона истиқбол гирифтанд", - гуфтанд дар бошгоҳ.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Черевченко дар ояндаи наздик бо раҳбарияти бошгоҳ мулоқот хоҳад кард. Тамоми ҷузъиёти музокирот баъдан маълум хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки мухлисони футболи тоҷик беш аз як ҳафта боз ин рӯйдоди муҳимро пайгирӣ мекунанд. Қаблан мутахассиси рус хабар дода буд, ки муҳлати шартнома бо бошгоҳи тоҷик як сол аст.
Игорь Черевченко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Черевченко шарти рафтанаш ба ҳайси мураббӣ ба Тоҷикистонро гуфт
Ёдовар мешавем, ки Игор Черевченко 48 сол дорад. Ӯ дар Точикистони Шӯравӣ таваллуд ёфта, қадамҳои аввалини худро ба футбол дар хамин ҷо гузоштааст.
Охирин бошгоҳе, ки мутахассис дар он кор мекард, "Химки"- и вилояти Маскав буд, ки моҳи феврали соли 2022 аз он брафт.
Қабл аз ин ӯ дастаҳои "Арсенал"-и Тула, "Балтика"-и Калининград, "Локомотив"-и Маскавро, ки дар мавсими 2014/15 барандаи Ҷоми Русия шудаанд, сарварӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0