https://sputnik.tj/20230117/bmt-faoliyat-tashkilot-sughurta-qonunvayronkuni-qat-1054281953.html
БМТ фаъолияти як ташкилоти суғуртавиро барои қонунвайронкунӣ қатъ кард
БМТ фаъолияти як ташкилоти суғуртавиро барои қонунвайронкунӣ қатъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ташкилоти мазкур се сол қабл иҷозатнома ба даст оварда буд ва ҳамакнун дигар расман дар бозори суғуртаи Тоҷикистон аз фаъолият боздошта шуд
2023-01-17T19:00+0500
2023-01-17T19:00+0500
2023-01-17T19:00+0500
дар тоҷикистон
бмт
қарор
қонунвайронкунӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/14/1031602346_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_5290449fd9a98058f292b25a16265e73.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти “Ташкилоти суғуртавии Меҳрубон” -ро манъ кард.Дафтари матбуотии БМТ сабаби бозхонди иҷозатномаи ташкилоти мазкур дағалона вайрон гардидани талаботи қонунгузорӣ унвон гардидааст.Аммо дар айни замон шарҳ дода нашудааст, ки кадом қонунвайронкунӣ дар фаъолияти ташкилот сурат гирифтааст.Ҳамин тариқ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2023, таҳти №3 бар асоси моддаи 141 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” дигар ин ташкилоти суғуртавӣ фаъолият нахоҳад кард.БМТ ҳамзамон гуфтааст, ки қарори мазкур дар асоси ҳалномаи эътибори қонунипайдокардаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 11 октябри соли 2022 оид ба бекор кардани иҷозатномаи ташкилоти мазкур гирифта шудааст.Гуфта мешавад, ташкилоти мазкур 29 майи соли 2019 барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ иҷозатнома дарёфт карда буд.Идораи назорати суғуртавии ин ниҳод уҳдадор гардидааст, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдор ворид намояд.Қаблан маълум шуд, ки БМТ иҷозатномаи ду созмонеро, ки дар бозори суғуртаи кишвар фаъолият мекунанд, бозхонд кард. ҶСП “Ташкилоти суғуртаи Кофил” ва ҶДММ “Бакел тиллоӣ Тоҷикистон” аз муҷаввиз маҳрум шуданд.Дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори суғуртаи Тоҷикистон 17 ширкати хусусиву давлатӣ кору фаъолият мекунанд.
https://sputnik.tj/20221130/bonki-milli-tashkilot-sugurta-bima-ijozatnoma-1053179400.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/14/1031602346_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_14637f149dcbee483a213a31d7ba35b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бмт фаъолият ташкилот суғурта қонунвайронкунӣ қатъ
бмт фаъолият ташкилот суғурта қонунвайронкунӣ қатъ
БМТ фаъолияти як ташкилоти суғуртавиро барои қонунвайронкунӣ қатъ кард
Ташкилоти мазкур се сол қабл иҷозатнома ба даст оварда буд ва ҳамакнун дигар расман дар бозори суғуртаи Тоҷикистон аз фаъолият боздошта шуд
ДУШАНБЕ, 17 янв - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти “Ташкилоти суғуртавии Меҳрубон” -ро манъ кард.
Дафтари матбуотии БМТ сабаби бозхонди иҷозатномаи ташкилоти мазкур дағалона вайрон гардидани талаботи қонунгузорӣ унвон гардидааст.
Аммо дар айни замон шарҳ дода нашудааст, ки кадом қонунвайронкунӣ дар фаъолияти ташкилот сурат гирифтааст.
Ҳамин тариқ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2023, таҳти №3 бар асоси моддаи 141 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” дигар ин ташкилоти суғуртавӣ фаъолият нахоҳад кард.
БМТ ҳамзамон гуфтааст, ки қарори мазкур дар асоси ҳалномаи эътибори қонунипайдокардаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 11 октябри соли 2022 оид ба бекор кардани иҷозатномаи ташкилоти мазкур гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ташкилоти мазкур 29 майи соли 2019 барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ иҷозатнома дарёфт карда буд.
Идораи назорати суғуртавии ин ниҳод уҳдадор гардидааст, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдор ворид намояд.
Қаблан маълум шуд, ки БМТ иҷозатномаи ду созмонеро, ки дар бозори суғуртаи кишвар фаъолият мекунанд, бозхонд кард. ҶСП “Ташкилоти суғуртаи Кофил” ва ҶДММ “Бакел тиллоӣ Тоҷикистон” аз муҷаввиз маҳрум шуданд.
Дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори суғуртаи Тоҷикистон 17 ширкати хусусиву давлатӣ кору фаъолият мекунанд.