https://sputnik.tj/20230117/arestovich-sukhanroni-difo-rusiya-istefo-1054275988.html
Арестович пас аз суханронӣ ба дифоъ аз Русия истеъфо дод
Арестович пас аз суханронӣ ба дифоъ аз Русия истеъфо дод
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран вакилони порлумони Украина ба ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории барканории Арестович аз мақом шурӯъ карда, ӯро ба бораи хиёнат муттаҳам карданд
2023-01-17T16:30+0500
2023-01-17T16:30+0500
2023-02-08T19:46+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
сиёсат
амалиёти вижа
истеъфо
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/16/1050185525_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_a588196ba56c5d141ac97e0490203aa3.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Алексей Арестович, мушовири раиси дастгоҳи раисиҷумҳури Украина ва воқеъан сухангӯи расмии мақомоти Киев, аризаи истеъфо дод. Дар ин бора сиёсатмадор дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Як рӯз пеш вакилони порлумони Украина ба ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории барканории Арестович аз мақомаш шурӯъ карданд. Сабаб суханони сиёсатмадор дар бораи як бинои истиқоматӣ дар Днепропетровск буд, ки дар натиҷаи ҳамлаи дифои ҳавоии Украина тахриб шуд. Ба гуфтаи вакилон, “хаёлҳои ҳарбӣ”-и Арестович ба мавқеи дастгоҳи раёсати ҷумҳурии кишвар рабте надорад. Вакилони порлумон ҳамчунин ба Хадамоти амнияти Украина дар бораи хиёнат ба ватан муроҷиатнома фиристодаанд. Мавқеи расмии Кремл дар ҳодиса бо хонаи харобшуда дар Днепропетровскро котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков эълон кард. Вай ёдовар шуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи РФ ба биноҳои истиқоматӣ ва инфрасохтори иҷтимоии Украина зарба намезананд. Ҳамзамон, ҳолатҳои сершуморе маълуманд, ки кори мудофиаи ҳавоии Украина боиси харобшавӣ дар маҳалҳои истиқоматӣ гардид.
https://sputnik.tj/20230116/artish-ukraina-markaz-savdo-donetsk-gululaboron-video-1054246686.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/16/1050185525_14:0:1081:800_1920x0_80_0_0_b71d428d2e2d4914bd6b8bb7ee897d2d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
арестович суханронӣ дифоъ русия истеъфо
арестович суханронӣ дифоъ русия истеъфо
Арестович пас аз суханронӣ ба дифоъ аз Русия истеъфо дод
16:30 17.01.2023 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Ахиран вакилони порлумони Украина ба ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории барканории Арестович аз мақом шурӯъ карда, ӯро ба бораи хиёнат муттаҳам карданд
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Алексей Арестович, мушовири раиси дастгоҳи раисиҷумҳури Украина ва воқеъан сухангӯи расмии мақомоти Киев, аризаи истеъфо дод.
Дар ин бора сиёсатмадор дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.
"Ман дар бораи истеъфо навиштам. Мехоҳам намунаи рафтори мутамаддинро нишон диҳам: иштибоҳи куллӣ, маънии онро дорад, ки истеъфо дод", - навиштааст ӯ.
Як рӯз пеш вакилони порлумони Украина ба ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории барканории Арестович аз мақомаш шурӯъ карданд.
Сабаб суханони сиёсатмадор дар бораи як бинои истиқоматӣ дар Днепропетровск буд, ки дар натиҷаи ҳамлаи дифои ҳавоии Украина тахриб шуд.
Ба гуфтаи вакилон, “хаёлҳои ҳарбӣ”-и Арестович ба мавқеи дастгоҳи раёсати ҷумҳурии кишвар рабте надорад.
Вакилони порлумон ҳамчунин ба Хадамоти амнияти Украина дар бораи хиёнат ба ватан муроҷиатнома фиристодаанд.
Мавқеи расмии Кремл дар ҳодиса бо хонаи харобшуда дар Днепропетровскро котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков эълон кард.
Вай ёдовар шуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи РФ ба биноҳои истиқоматӣ ва инфрасохтори иҷтимоии Украина зарба намезананд.
Ҳамзамон, ҳолатҳои сершуморе маълуманд, ки кори мудофиаи ҳавоии Украина боиси харобшавӣ дар маҳалҳои истиқоматӣ гардид.