https://sputnik.tj/20230116/suporishi-prezident-mavridi-pardokhti-niyozmandon-sarivaqt-1054225749.html
Сол гузашту 600 сомонӣ ба ҳама ҳанӯз нарасидааст: Супориши президент саривақт иҷро нашуд?
Сол гузашту 600 сомонӣ ба ҳама ҳанӯз нарасидааст: Супориши президент саривақт иҷро нашуд?
Sputnik Тоҷикистон
Кумакпулиҳо ба табақаи ниёзманд дар Тоҷикистон, ки бар асоси дастури президенти кишвар бояд то охири соли 2022 амалӣ мешуд, ҳанӯз пурра иҷро нагардидаст
2023-01-16T09:51+0500
2023-01-16T09:51+0500
2023-01-16T09:57+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
кӯмакпулӣ
ниёзмандон
супориш
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/17/1053721832_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_a512be686b3b545ee9e2eef2f6d2e54e.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қарори ҳукумат барои пардохти кумакпулиҳо ба табақаҳои ниёзмандро баррасӣ кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Шодихон Ҷамшед зимни як ҷаласа дар бораи расонидани кумакҳои яквақта ба оилаҳои осебпазири аҳолӣ гуфта, минбаъд ҷоннок намудани масъаларо таъкид кардаст. Иттилоъ дода шуд, ки механизми расондани кумакпулиҳо дар тамоми 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди амал қарор гирифта истодааст.Ин дар ҳолест, ки президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон таъкид намуда буд, ки кумакпулии яквақтаина бояд ба ниёзмандон то охири сол расонда шавад. То охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад, гуфта буд ӯ. Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки бо ин мақсад 285 млн сомонӣ равона мегардад.Вай ҳамчунин бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ҳукуматро муваззаф кард, ки барои аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат чораандешӣ намояд.Яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд, тавзеҳ дод раисҷумҳур.
https://sputnik.tj/20221225/naqd-maoshi-haddi-aqal-niyozmandon-1053776402.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/17/1053721832_0:0:1817:1363_1920x0_80_0_0_442ae29c77ed607ce0bb8088dd2bf09a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
супориш, президент, эмомалӣ раҳмон, дастур, кумакпулӣ
супориш, президент, эмомалӣ раҳмон, дастур, кумакпулӣ
Сол гузашту 600 сомонӣ ба ҳама ҳанӯз нарасидааст: Супориши президент саривақт иҷро нашуд?
09:51 16.01.2023 (Навсозишуда: 09:57 16.01.2023) Кумакпулиҳо ба табақаи ниёзманд дар Тоҷикистон, ки бар асоси дастури президенти кишвар бояд то охири соли 2022 амалӣ мешуд, ҳанӯз пурра иҷро нагардидаст
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қарори ҳукумат барои пардохти кумакпулиҳо ба табақаҳои ниёзмандро баррасӣ кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Шодихон Ҷамшед зимни як ҷаласа дар бораи расонидани кумакҳои яквақта ба оилаҳои осебпазири аҳолӣ гуфта, минбаъд ҷоннок намудани масъаларо таъкид кардаст.
Иттилоъ дода шуд, ки механизми расондани кумакпулиҳо дар тамоми 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди амал қарор гирифта истодааст.
Ин дар ҳолест, ки президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон таъкид намуда буд, ки кумакпулии яквақтаина бояд ба ниёзмандон то охири сол расонда шавад.
То охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад, гуфта буд ӯ.
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки бо ин мақсад 285 млн сомонӣ равона мегардад.
Вай ҳамчунин бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ҳукуматро муваззаф кард, ки барои аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат чораандешӣ намояд.
Яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд, тавзеҳ дод раисҷумҳур.