https://sputnik.tj/20230116/savdoi-sughd-khorija-dollar-sodir-1054231846.html
Савдои Суғд бо хориҷа беш 3 млрд доллар шуд: Чӣ фурӯхт?
Савдои Суғд бо хориҷа беш 3 млрд доллар шуд: Чӣ фурӯхт?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми савдои хориҷии Суғд дар соли 2022 наздики 3,2 млрд доллари амрикоиро ташкил додаст, ки нисбати соли қаблӣ беш аз 40% зиёдтар мебошад
2023-01-16T13:23+0500
2023-01-16T13:23+0500
2023-01-16T15:29+0500
дар тоҷикистон
суғд
иқтисод
савдо
доллар
воридот
содирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102859/74/1028597483_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_c5a458bd9d904e09c53f916017605f81.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Тавозуни савдои хориҷии Суғд манфӣ боқӣ монда, ҳаҷми воридот аз содирот ҳудуди 1 млрд доллари амрикоӣ зиёдтар аст. Ба иттилои мақомоти Суғд, ҳаҷми воридот ба вилоят 2,1 млрд доллар ва содирот наздики 1,1 млрд долларро ташкил додааст. Маҳсулоти аслии содиротӣ дар вилоят маъдан ва консентрат будааст, ки ҳаҷми он он беш аз 729 млн доллар шудааст. Семент дар ҳаҷми беш аз 722 ҳазор тон ба маблағи зиёда аз 22 млн доллару нахи пахта ба маблағи беш аз 84 млн доллар содир гардидаст. Инчунин вилоят ба хориҷ наздики 12 млн дона тухм ба маблағи 1,2 млн доллар фурӯхтааст. Ҳамчунин, дар ин давра ба маблағи 22 млн доллар наздики 1,5 ҳазор дона либосворӣ содир шудааст. Дар соли 2022 ба маблағи наздки 39 млн доллар беш аз 133 ҳазор тон маҳсулоти кишоварзӣ фурӯхта шудаст, ки нисбати соли қаблӣ ба маблағи 13 млн доллар зиёд аст. Мақомоти Суғд тавзеҳ доданд, ки 53 ҳазор тон хушкмева ба маблағи 26,5 млн доллар ва 62 ҳазор тон пиёз ба маблағи 6,3 млн доллар фурӯхта шудаст. Ҳаҷми содироти пиёз, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ маҳсуб меёбад, нисбат ба соли қаблӣ ба маблағи 1,9 млн доллар афзудааст.
https://sputnik.tj/20230112/sughd-istehsol-poyafzol-zinai-nav-1054152595.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102859/74/1028597483_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_cffaa6df079c16a6a63e2288b082fe52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, ҳаҷм, савдо, хориҷа, воридот, содирот
эълон, ҳаҷм, савдо, хориҷа, воридот, содирот
Савдои Суғд бо хориҷа беш 3 млрд доллар шуд: Чӣ фурӯхт?
13:23 16.01.2023 (Навсозишуда: 15:29 16.01.2023) Ҳаҷми савдои хориҷии Суғд дар соли 2022 наздики 3,2 млрд доллари амрикоиро ташкил додаст, ки нисбати соли қаблӣ беш аз 40% зиёдтар мебошад
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Тавозуни савдои хориҷии Суғд манфӣ боқӣ монда, ҳаҷми воридот аз содирот ҳудуди 1 млрд доллари амрикоӣ зиёдтар аст.
Ба иттилои мақомоти Суғд, ҳаҷми воридот ба вилоят 2,1 млрд доллар ва содирот наздики 1,1 млрд долларро ташкил додааст.
Маҳсулоти аслии содиротӣ дар вилоят маъдан ва консентрат будааст, ки ҳаҷми он он беш аз 729 млн доллар шудааст.
Семент дар ҳаҷми беш аз 722 ҳазор тон ба маблағи зиёда аз 22 млн доллару нахи пахта ба маблағи беш аз 84 млн доллар содир гардидаст.
Инчунин вилоят ба хориҷ наздики 12 млн дона тухм ба маблағи 1,2 млн доллар фурӯхтааст.
Ҳамчунин, дар ин давра ба маблағи 22 млн доллар наздики 1,5 ҳазор дона либосворӣ содир шудааст.
Дар соли 2022 ба маблағи наздки 39 млн доллар беш аз 133 ҳазор тон маҳсулоти кишоварзӣ фурӯхта шудаст, ки нисбати соли қаблӣ ба маблағи 13 млн доллар зиёд аст.
Мақомоти Суғд тавзеҳ доданд, ки 53 ҳазор тон хушкмева ба маблағи 26,5 млн доллар ва 62 ҳазор тон пиёз ба маблағи 6,3 млн доллар фурӯхта шудаст.
Ҳаҷми содироти пиёз, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ маҳсуб меёбад, нисбат ба соли қаблӣ ба маблағи 1,9 млн доллар афзудааст.