Андуҳи президенти Тоҷикистон аз суқути пурқурбонии ҳавопаймо дар Непал - видео

© Фото : СоцсетиАвиакатастрофа в Непале
Авиакатастрофа в Непале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2023
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон ба роҳбарияти Непал ва ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии худро баён доштааст
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои непалияш, Бидхя Деви Бхандари паёмди ҳамдардӣ ирсол кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба хонум Бхандарӣ андуҳашро аз талафоти зиёди ҷонӣ бар асари суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Непал баён доштаст.

"Дар иртибот ба пайомадҳои вазнини ин фоҷеаи фалокатбор ба Шумо ва ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии ин ҷонибро иброз менамоям", - гуфтаст Раҳмон.

Ҳавопаймои "ATR 72" бо 72 сарнишин, аз ҷумла 4 узви ҳайати халабонҳо, ки ба ширкати ҳавоии "Yeti Airlines" тааллуқ доштааст, зимни фуруд дар шаҳри Покхара суқут кардаст.
Яке аз мусофирон охирин лаҳзаҳои парвозу суқути ҳавопайморо аз дохил дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахши мустақим кардааст.
Ҳамаи сарнишинҳо ба ҳалокат расида, дар мавриди сабаби рух додани фоҷиа феълан иттилои расмие дастрас нест.
Бар асоси феҳрасти нашршуда, аз миёни 68 мусофир 53 нафарашон непалӣ ва 15 нафари боқимонда атбои хориҷӣ будаанд. Дар миёни хориҷиён шаҳрвандони Тоҷикистон зикр нашудаанд.
Иттилоъ дода шудааст, ки миёни мусофирони хориҷӣ 5 нафарашон шаҳрвандони Ҳиндустон, 4 шаҳрванди Русия, 2 корягӣ ва якнафарӣ аз Ирландия, Аргентина, Австралия ва Фаронса будаанд. Дар феҳрасти мусофирон ҳамчунин аз 3 ноболиғ зикр шудааст.
Лентаи хабарҳо
0