https://sputnik.tj/20230116/mastchoh-gurg-hamlagar-dastgir-video-1054253506.html
Дар Мастчоҳ гурги ҳамлагарро зинда дастгир карданд - видео
Дар Мастчоҳ гурги ҳамлагарро зинда дастгир карданд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз гургҳое, ки аз доманакӯҳҳо ба водиҳо фаромада ба молу чорвои сокинони деҳоти Мастчоҳ ҳамла карда буд, зинда дастгир карда шуд
2023-01-16T21:10+0500
2023-01-16T21:10+0500
2023-01-16T21:15+0500
дар тоҷикистон
суғд
мастчоҳ
гург
чорво
дастгир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1d/1032548600_0:27:1921:1107_1920x0_80_0_0_62a35010705e89b441a4618d79398e4a.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Сокинони ноҳияи Масчоҳ гургеро, ки ду рӯз пеш ҳамроҳи галаи гургон ба чорвои хонагӣ ҳамла карда буданд боздошт кардаанд.Мирзоасрор Шарифов, яке аз сокинони ҷамоати Мастчоҳ ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи дастгиркунии яке аз гургҳо хабар дод.Ӯ, гуфт, ҳамин ҳайвони ваҳшӣ ду рӯз пеш ба оғилхонаи сокинони деҳаи Азизободи ноҳия ҳамла кардааст.Аз видеое, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, бар меояд, ки гурги боздоштшуда чандон боҳашамат набудааст. Ҳайвони ваҳширо ҷавонони деҳа тавассути панҷшох, зинда дастгир кардаанд.Борбади Баҳромзода, як сокини ҷамоати деҳоти Мастчоҳ, ки чанде пеш, ки шоҳиди ҳамлаи гургон шуд, тафсилоти ҳодисаро ба Sputnik Тоҷикистон нақл карда буд.Барфрезии зиёд ва фарорасии сармои шадид сабаби ба мушкил мувоҷеҳ шудани гургон шуда, барои дарёфти ғизо онҳо аз доманакӯҳҳо ба водиҳо фаромадаанд.Сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд мегуянд, як галаи гургҳо, аз доманакӯҳҳо ба водиҳо фаромада ба молу чорвои онҳо ҳамла кардаанд.Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар Мастчоҳ ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз эҳтиёт кор гиранд ва бидуни зарурат, ба танҳоӣ ба саҳрову теппаҳо нараванд ва дари оғилхонаҳоро мустаҳкам кунанд.Барои ҳифзи чорвои сокинон аз ҳамлаи гургҳо ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ барои парронидани ҳайвоноти ваҳшӣ аз ҷумла гургҳо ситоди шабонарӯзӣ ташкил намудааст.
https://sputnik.tj/20221129/oseb-nafar-gazidani-sag-khatlon-1053130560.html
суғд
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1d/1032548600_204:0:1715:1133_1920x0_80_0_0_3be2061d9c65763c796f72940c33592d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, гург, мастчоҳ, дастгир, зинда, ҳамлагар, чорво
тоҷикистон, гург, мастчоҳ, дастгир, зинда, ҳамлагар, чорво
Дар Мастчоҳ гурги ҳамлагарро зинда дастгир карданд - видео
21:10 16.01.2023 (Навсозишуда: 21:15 16.01.2023) Эксклюзив
Яке аз гургҳое, ки аз доманакӯҳҳо ба водиҳо фаромада ба молу чорвои сокинони деҳоти Мастчоҳ ҳамла карда буд, зинда дастгир карда шуд
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Сокинони ноҳияи Масчоҳ гургеро, ки ду рӯз пеш ҳамроҳи галаи гургон ба чорвои хонагӣ ҳамла карда буданд боздошт кардаанд.
Мирзоасрор Шарифов, яке аз сокинони ҷамоати Мастчоҳ ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи дастгиркунии яке аз гургҳо хабар дод.
Ӯ, гуфт, ҳамин ҳайвони ваҳшӣ ду рӯз пеш ба оғилхонаи сокинони деҳаи Азизободи ноҳия ҳамла кардааст.
“Сокинони деҳа дар вақти рӯзона гаштугузори гургонро мушоҳида намуда барои безарар гардонидани онҳо тасмим гирифтанд. Ин субҳ яке аз он гурҳо, ки шаби гузашта ба оғилхонаи гову гусфандон ҳамла карда буд, дастгир шуд” - гуфт, мусоҳиб.
Аз видеое, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, бар меояд, ки гурги боздоштшуда чандон боҳашамат набудааст. Ҳайвони ваҳширо ҷавонони деҳа тавассути панҷшох, зинда дастгир кардаанд.
Борбади Баҳромзода, як сокини ҷамоати деҳоти Мастчоҳ, ки чанде пеш, ки шоҳиди ҳамлаи гургон шуд, тафсилоти ҳодисаро ба Sputnik Тоҷикистон нақл карда буд.
“Шаб соати тақрибан 22 буд, ки саги ҳамсоя бо овози баланд фарёд мезад. Дар ин ҳолат мо берун шудем ва дидем, ки гургҳо то замоне, ки ба мурғу дигар чорво ҳамла кунанд бо саг бархурдаанд. Дар ин миён чароғи ҳамсоя равшан шуд ва гургҳо гурехтанд” – гуфт Баҳромзода.
Барфрезии зиёд ва фарорасии сармои шадид сабаби ба мушкил мувоҷеҳ шудани гургон шуда, барои дарёфти ғизо онҳо аз доманакӯҳҳо ба водиҳо фаромадаанд.
Сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд мегуянд, як галаи гургҳо, аз доманакӯҳҳо ба водиҳо фаромада ба молу чорвои онҳо ҳамла кардаанд.
Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар Мастчоҳ ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз эҳтиёт кор гиранд ва бидуни зарурат, ба танҳоӣ ба саҳрову теппаҳо нараванд ва дари оғилхонаҳоро мустаҳкам кунанд.
Барои ҳифзи чорвои сокинон аз ҳамлаи гургҳо ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ барои парронидани ҳайвоноти ваҳшӣ аз ҷумла гургҳо ситоди шабонарӯзӣ ташкил намудааст.