Истирдоди нафари гумонбар ба ҷиноят аз Қазоқистон ба Тоҷикистон

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкВ зале суда, архивное фото
В зале суда, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2023
Обуна шудан
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин мардро, ки таҳти пайгардии байналмилалӣ қарор дошт, дар натиҷаи амалиётҳои ҷустуҷӯӣ дар қаламрави Қазоқистон пайдо намуданд
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар шаҳри Уст-Каменогорск марде боздошт шудааст, ки муддати тӯлонӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон пинҳон мешуд, иттилоъ додааст хаӣаргузории kazlenta.kz.
Тибқи иттилои манбаъ, ин мард дар қаламрави Тоҷикистон ҷиноят содир карда, таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор гирифтааст.
Маълум шуд, ки ин ҷавони 27-сола аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои қаллобӣ фирор кардааст.
Вай моҳи августи соли 2021 бо роҳи қаллобӣ аз як шаҳрванд 2,4 ҳазор доллар гирифта, ба ӯ ваъда додааст, ки барои ӯ раводид барои сафар ба Латвия мегирад.
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2022
Кишварҳои ИДМ мансабдорони ришвахори пинҳоншударо ба ҳамдигар истирдод хоҳанд кард
Нисбати ӯ дар ВКД вилояти Суғд тибқи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи дахлдор боз шудааст.
Аммо бо вуҷуди ин гумонбар ба ҷиноят тавонист фирор кунад. Пас аз чанд муддате ӯ дар қаламрави Қазоқистон пайдо шуд.
Гуфта мешавад, ки марди таҳти пайгард қарордошта пас аз боздошт ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
Лентаи хабарҳо
0