Мураббии дигари тоҷик ба Ӯзбекистон рафт

© Sputnik / Стас ЭтвешФутбольный мяч на поле, архивное фото
Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2023
Обуна шудан
Бошгоҳи футболи Ӯзбекистон боз як мутахассис аз Тоҷикистонро ба кор ҷалб кард, ки ба тамрини футболбозон дар Бухоро машғул хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Сармураббии бошгоҳи “Бухоро” Ҳаким Фузайлов барои пурзӯр кардани ҳайаташ Акмал Холматовро ба кор ба ҷалб кардаст.
Бар асоси гузоришҳои нашршуда, Холматов мутахассиси варзида буда, қаблан дар дастаҳои "Нефтчи", "Регар-ТадАЗ", "Истиқлол" , "ПАС" -и Эрон ва "Локомотив" бозӣ кардааст.
Дар пайи анҷоми футболбозии касбӣ Холматов ба фаъолияти мураббигӣ пардохтааст.
Мухаммад Султонов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2023
Султонов ба тими "Родина"-и Маскав пайваст
Маврид ба зикр аст, ки ахиран соозишномаи Ҳаким Фузайлов ба ҳайси сармураббӣ дар тими "Бухоро" то охири соли 2023 тамдид карда шуд.
Ба иттилои бошгоҳи футболи ӯзбекистонӣ, аз оғози соли2022 бо омадани Фузайлов ба "Бухоро” даста аз Про-лига ба Лигаи олии кишвар роҳ ёфт. Таъкид шудааст, ки мавсуф аз иҷрои вазифаҳои гузошташуда ба хубӣ баромад ва бинобар ин созишнома бо ӯ тамдид карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2021низ Фузайлов тавонист дастаи "Динамо"-и Самарқандро аз пролига ба Лигаи олии Ӯзбекистон барорад, аммо бошгоҳ созишнома бо ӯро қатъ кард. Дар натиҷа сармураббӣ ба тими "Бухоро" гузашта, муваффақияташро такрор кард.
Лентаи хабарҳо
0