Муҳаббат, чой ва ҷӯроб: чӣ гуна сокинони Душанбе аз сардӣ раҳо мешаванд - видео

Обуна шудан
Сардиҳои ногаҳонӣ ва барф сокинони пойтахтро нороҳат накард. Баръакс, бисёриҳо аз ҳавои ғайриоддӣ, ки беш аз 10 сол боз дар Душанбе мушоҳида намешуд, шод гардиданд
Сокинону меҳмонони Душанбе аз ҳавои сарду сербориш намеҳаросанд, балки баръакс хурсандии онҳо ҳадду канор надорад.
"Соли нави кӯҳна, барф, шабнам - ҳамаи ин бисёр аҷиб аст! Чунин барфи фаровон захираи обу саломатист", - бовар дорад як сокини Душанбе.
Як сокини ҷавони пойтахт нақл кард, ки дар кӯча либоси таги гарми термикӣ, рӯймолу кулоҳ пӯшида, дар хона ҷӯробҳои помириро иваз карда, чойи гарм менӯшад.
Боришоти шадид дар Душанбе: миллионҳо гулу дарахтҳо зери барф
Одамон бовар доранд, ки дар чунин сармо ҳама микробҳо мемиранд ва эпидемияи зуком низ қатъ мегардад.
Умуман, дар чунин сардиҳо ишқ бояд одамро гарм кунад, бовар дорад ҷавони дигар.
Кӯдаконро чунин вазъи ҳаво бештар хуш меояд.Онҳо барфбозӣ мекунанд, барфак месозанд ва дар ҳавои сард сайру гашт мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0