Садамаи мудҳиш дар Вахш: як нафар кушта шуду се нафари дигар захм бардоштанд

© ОтырарАвария в Туркестанской области
Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2023
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани ронанда ҳангоми чаппа шудани мошинаш ба канали обгузари роҳ хабар дод
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Ахиран дар дар ҳудуди деҳаи Ҳ.Шерозии ноҳия Вахш як садамаи мудҳише рух додааст, ки боиси куштаву ҷароҳат бардоштани чанд нафар шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ ахиран ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Матрикс”, Шамсов Уроз, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канали обгузари роҳ чаппа шудааст.
Таъкид шудааст, ки дар натиҷа, ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Новая автомобильная дорога Душанбе-Бактрия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Ҳалокати 3 ҷавон дар роҳи Душанбе - Кӯлоб бар асари садама дар рӯзҳои истироҳат
Ҳамзамон мусофирони автомашинаи мазкур Нурхонов Муҳаммад сокини ноҳияи Вахш, Ҳасанов Боймурод, сокини ноҳияи Темурмалик ва Нурхонов Алишер, сокини ноҳияи Вахш, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодиса аз тарафи кормандони милитсия таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0