https://sputnik.tj/20230113/rais-bobojon-ghafurov-mintaqa-rukhak-bog-bunyod-1054192226.html
Раиси нави Бобоҷон Ғафуров ваъда дод, ки дар минтақаи Рухак боғҳои нав бунёд мекунад
Раиси нави Бобоҷон Ғафуров ваъда дод, ки дар минтақаи Рухак боғҳои нав бунёд мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар минтақаи Рухак бо истифода аз ниҳолҳои ба иқлим мутобиқ марҳила ба марҳила дар 900 гектар боғҳои гуногун бунёд мешавад
2023-01-13T19:45+0500
2023-01-13T19:45+0500
2023-01-13T19:45+0500
дар тоҷикистон
суғд
кишоварзӣ
ниҳол
бунёд
ноҳияи бобоҷон ғафуров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0d/1054192027_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_2762f632fcbbfec975ab73a730786755.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Дар минтақаи Рухак, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов ҷойгир аст, боғҳои нав ташкил хоҳад шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Мақомоти Суғд қайд кардааст, ки бунёди боғҳои нав ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро метавонад ба маротиб зиёд намояд.Ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз минтақаи Рухак иттилоъ доданд, ки бо истифода аз ниҳолҳои ба иқлим мутобиқ марҳила ба марҳила дар ин мавзеъ 900 гектар боғҳои гуногун бунёд мешавад.Раиси вилоят ташкили боғҳои нав ва азхудкунии заминҳоро талаботи рӯз арзёбӣ карда, барои ташкили боғҳои нав тавсияҳо дод.Вай ба масъулин дастур дод, ки барои обёрии мавзеи Рухак пойгоҳҳои обкаширо таъмиру таҷдид намуда, бо ин роҳ истифодаи самараноки заминро таъмин намоянд.Истифодаи самараноки замин имкон медиҳад, ки сокинон бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шавад.Бояд таъкид кард, ки соли 2022 дар вилоят тибқи нақша бунёди 230 гектар боғу токзор пешбинӣ гардида, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии вилоят 889 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки нисбати нақша 3,9 баробар зиёд мебошад. Аз майдони умумии боғҳои бунёдшуда 148 гектар боғҳои интенсивӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20230107/maqomot-sohibkoron-sugd-taloshi-narkh-gusht-murg-1054035281.html
суғд
ноҳияи бобоҷон ғафуров
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0d/1054192027_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_c14174f301662b185d73c744917496d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, ғафуров, боғ, бунёд, раҷаббой аҳмадзода, минтайқа, рухак
тоҷикистон, суғд, ғафуров, боғ, бунёд, раҷаббой аҳмадзода, минтайқа, рухак
Раиси нави Бобоҷон Ғафуров ваъда дод, ки дар минтақаи Рухак боғҳои нав бунёд мекунад
Дар минтақаи Рухак бо истифода аз ниҳолҳои ба иқлим мутобиқ марҳила ба марҳила дар 900 гектар боғҳои гуногун бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Дар минтақаи Рухак, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов ҷойгир аст, боғҳои нав ташкил хоҳад шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Мақомоти Суғд қайд кардааст, ки бунёди боғҳои нав ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро метавонад ба маротиб зиёд намояд.
Ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз минтақаи Рухак иттилоъ доданд, ки бо истифода аз ниҳолҳои ба иқлим мутобиқ марҳила ба марҳила дар ин мавзеъ 900 гектар боғҳои гуногун бунёд мешавад.
Раиси вилоят ташкили боғҳои нав ва азхудкунии заминҳоро талаботи рӯз арзёбӣ карда, барои ташкили боғҳои нав тавсияҳо дод.
Вай ба масъулин дастур дод, ки барои обёрии мавзеи Рухак пойгоҳҳои обкаширо таъмиру таҷдид намуда, бо ин роҳ истифодаи самараноки заминро таъмин намоянд.
Истифодаи самараноки замин имкон медиҳад, ки сокинон бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шавад.
Бояд таъкид кард, ки соли 2022 дар вилоят тибқи нақша бунёди 230 гектар боғу токзор пешбинӣ гардида, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии вилоят 889 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки нисбати нақша 3,9 баробар зиёд мебошад. Аз майдони умумии боғҳои бунёдшуда 148 гектар боғҳои интенсивӣ мебошад.