Ин филм нест: Рондани мошин дар шароити яхбандӣ – видео аз Тифлис

Обуна шудан
Ронандаи – мутахассис ҳамеша роҳи бурунрафт аз вазъияти душворро пайдо мекунад. Навори як шоҳид аз ноҳияи Варкетилӣ дар канори Тифлис далели ин гуфтаҳост
Дар роҳҳои Гурчистон, ки имрӯзҳо зери барфу ях мондаанд, ронандагон тамоми маҳорати худро ба кор мебаранд, то дучори садама нашаванд. Навори як шоҳидро дар видеои Sputnik тамошо кунед.
Ин шахс шоҳиди ҳарактҳои аҷиби ронандагон дар шоҳроҳи пурбарф шудааст.
Ёдовари мекунем, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҳаво сард шудааст барфи зиёд боридааст, ки ронандаҳои нақлиётро нигарон кардааст.
Дар Тоҷикистон чунин вазъи ҳаво 15 сол пеш, яъне охири моҳи январ ва аввали моҳи феврали соли 2008 низ ба амал омада буд. Чунин ҳавои хунук дар мамлакат то 25 январи соли равон идома меёбад.
Байдуллоева замони анҷоми сардию барфи шадид дар Тоҷикистонро гуфт
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аз 13 то 16 январи соли равон дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво шабона то 24 дараҷа хунук, рӯзона то 13 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз то 24 ва рӯзона то 15 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад.
Роҳ аз барф тоза ва барои ҳаракат озод аст: Шарҳи ширкати IRS аз вазъи роҳи Душанбе -Чаноқ
Дар ин рӯзҳо дар шоҳроҳҳои минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ яхбандӣ боқӣ мемонад. Инчунин дар нишебиҳои ҷанубӣ ва шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти тарма дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0