https://sputnik.tj/20230113/dakhlnopaziri-oila-nazarboev-maqom-elbasi-soqit-1054182021.html
Дахлнопазирии оилаи Назарбоев ва мақоми Элбасӣ беэътибор шуд
Дахлнопазирии оилаи Назарбоев ва мақоми Элбасӣ беэътибор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Парлумони Қазоқистон қонуни конститутсионӣ дар бораи нахустин президент - Элбасиро аз эътибор соқит карда, барои имзо ба раисҷумҳури феълӣ пешниҳод кард
2023-01-13T15:00+0500
2023-01-13T15:00+0500
2023-01-15T20:01+0500
қазоқистон
сиёсат
нурсултон назарбоев
осиёи марказӣ
парлумон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/19/1047927084_0:0:3074:1730_1920x0_80_0_0_8ea7b02c697b54f4a1b7b90060e957ae.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв - Sputnik. Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми расмии Элбасӣ ва наздиконаш аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум шуданд. Қарор дар бораи аз эътибор соқит кардани қонуни конститутсионӣ дар бораи нахустин президент - Элбасиро парлумон қабул карда, барои имзо ба раисҷумҳури феълӣ, Қосим-Ҷомарт Тоқаев пешниҳод намуд. Вазири адлия Азамат Есқараев тавзеҳ дод, ки бар асоси қонун дар бораи президент Назарбоев дахлнопазирияшро ҳифз хоҳад кард. Назарбоев бар асоси қонун дар бораи Элбасӣ бархе имконоти дигар дошт, ки маҳрум мешавад. Аз ҷумла ҳақ дошт, ба мардум муроҷиат кунад, дар назди парлумон ва маҷлиси ҳукумат баромад намояд. Қаблан раисиҷумҳури аввали Қазоқистон аз мақоми сенатори фахрӣ маҳрум шуда буд. Маврид ба зикр аст, ки ин мақом ба Назарбоев бо пешниҳоди Қосим-Ҷомарт Тоқаев, ки он замон раиси Сенат буд, дода шуда буд. Дар маросими савгандёдкунӣ ӯ изҳор дошт, ки ба Назарбоев додани мақоми сенатори фахриро зарур медонад.Дар Қазоқистон тобистони соли гузашта тариқи раъйпурси ба сарқонуни ин кишвар тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Нурсултон Назарбоев 20 марти соли 2019 пас аз 30 соли ҳукмронии Қазоқистон аз мақоми раисиҷумҳур истеъфо дод.
https://sputnik.tj/20230113/qati-parvand-alayhi-prezidenti-sarnagunshudai-qirghiziston-1054180169.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/19/1047927084_183:0:2914:2048_1920x0_80_0_0_383026019944490919713de747bf1121.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
унвон, элбосӣ, назарбоев, парлумон, қазоқистон
унвон, элбосӣ, назарбоев, парлумон, қазоқистон
Дахлнопазирии оилаи Назарбоев ва мақоми Элбасӣ беэътибор шуд
15:00 13.01.2023 (Навсозишуда: 20:01 15.01.2023) Парлумони Қазоқистон қонуни конститутсионӣ дар бораи нахустин президент - Элбасиро аз эътибор соқит карда, барои имзо ба раисҷумҳури феълӣ пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 13 янв - Sputnik. Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми расмии Элбасӣ ва наздиконаш аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум шуданд.
Қарор дар бораи аз эътибор соқит кардани қонуни конститутсионӣ дар бораи нахустин президент - Элбасиро парлумон қабул карда, барои имзо ба раисҷумҳури феълӣ, Қосим-Ҷомарт Тоқаев пешниҳод намуд.
Вазири адлия Азамат Есқараев тавзеҳ дод, ки бар асоси қонун дар бораи президент Назарбоев дахлнопазирияшро ҳифз хоҳад кард.
"Дар қонуне, ки аз эътибор соқит мешавад, ба молу мулк, суратҳисоби аъзои оила кафолат дода мешуд. Пас аз қабули қонун ин кафолатҳо бекор карда мешавад", - гуфт вазир.
Назарбоев бар асоси қонун дар бораи Элбасӣ бархе имконоти дигар дошт, ки маҳрум мешавад. Аз ҷумла ҳақ дошт, ба мардум муроҷиат кунад, дар назди парлумон ва маҷлиси ҳукумат баромад намояд.
Қаблан раисиҷумҳури аввали Қазоқистон аз мақоми сенатори фахрӣ маҳрум шуда буд.
Маврид ба зикр аст, ки ин мақом ба Назарбоев бо пешниҳоди Қосим-Ҷомарт Тоқаев, ки он замон раиси Сенат буд, дода шуда буд. Дар маросими савгандёдкунӣ ӯ изҳор дошт, ки ба Назарбоев додани мақоми сенатори фахриро зарур медонад.
Дар Қазоқистон тобистони соли гузашта тариқи раъйпурси ба сарқонуни ин кишвар тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.
Нурсултон Назарбоев 20 марти соли 2019 пас аз 30 соли ҳукмронии Қазоқистон аз мақоми раисиҷумҳур истеъфо дод.