https://sputnik.tj/20230113/bastrikin-amaliyoti-nizomi-shahrvandi-rusiya-1054190232.html
Бастрикин хостори ба амалиёти низомӣ ҷалб кардани қабулшудаҳо ба шаҳрвандии Русия гардид
Бастрикин хостори ба амалиёти низомӣ ҷалб кардани қабулшудаҳо ба шаҳрвандии Русия гардид
Sputnik Тоҷикистон
Хориҷиёне, ки аз тариқи бастани шартнома ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия пайвастаанд, имкони дарёфти шаҳрвандӣ ба таври соддакардашударо доранд
2023-01-13T18:20+0500
2023-01-13T18:20+0500
2023-01-13T18:20+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
низомӣ
амният ва мудофиа
александр бастрикин
кумитаи тафтишотӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/04/1050486291_0:227:2835:1821_1920x0_80_0_0_70b6d9d9533b534661e855a5d8501d2a.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Иштирок дар амалиёти вижаи низомӣ дар Украина барои хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ӯҳдадории конститутсионист. Ин нуктаро раиси Кумитаи тафтишотии Русия, Александр Бастрикин дар мусоҳиба бо "Российская газета" баён дошт. "Баррасии ба таври афзалиятнок фиристодани афроди шаҳрвандигрифта барои иштирок дар иҷрои вазифаҳои амалиёти махсуси ҳарбӣ мувофиқи мақсад мебошад" - гуфт ӯ.Ба гуфтаи вай, танҳо дар нимаи аввали соли 2022 беш аз 60 ҳазор нафар шаҳрвандони болиғи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шиносномаи Русия гирифтаанд. Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки хориҷиёне, ки бо қувваҳои мусаллаҳ шартнома бастаанд, метавонанд шаҳрвандии Русияро ба таври содда ба даст оранд.Қаблан роҳбари Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди раисҷумҳури Русия, Валерий Фадеев пешниҳод карда буд, ки синни даъвати ҳарбии хориҷиёне, ки шаҳрвандии кишварро гирифтаанд, то 45-50 сол боло бурда шавад.Фадеев ба таҷрибаи давлати Исроил ишора кард, ки дар он ҷо ба шаҳрвандони ҷадид як сол барои будубош дар ҷои нав муҳлат дода мешавад ва сипас новобаста аз сол ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.Раҳбари Шӯрои ҳуқуқи инсон қайд кард, ки дар мавриди ин ташаббус ба зудӣ бо кумитаҳои дахлдори Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия ва инчунин бо Сарраёсати ҳуқуқии Вазорати дифоъ машварат хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20221228/pushilin-ukraina-mavji-navi-basijshavi-video-1053866264.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/04/1050486291_51:0:2782:2048_1920x0_80_0_0_7b360537a50c1b09e8916c0bfce5773a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бастрикин, амалиёт, низомӣ, иштирок, хориҷиҳо,
бастрикин, амалиёт, низомӣ, иштирок, хориҷиҳо,
Бастрикин хостори ба амалиёти низомӣ ҷалб кардани қабулшудаҳо ба шаҳрвандии Русия гардид
Хориҷиёне, ки аз тариқи бастани шартнома ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия пайвастаанд, имкони дарёфти шаҳрвандӣ ба таври соддакардашударо доранд
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Иштирок дар амалиёти вижаи низомӣ дар Украина барои хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ӯҳдадории конститутсионист.
Ин нуктаро раиси Кумитаи тафтишотии Русия, Александр Бастрикин дар мусоҳиба бо "Российская газета" баён дошт.
"Баррасии ба таври афзалиятнок фиристодани афроди шаҳрвандигрифта барои иштирок дар иҷрои вазифаҳои амалиёти махсуси ҳарбӣ мувофиқи мақсад мебошад" - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, танҳо дар нимаи аввали соли 2022 беш аз 60 ҳазор нафар шаҳрвандони болиғи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шиносномаи Русия гирифтаанд.
Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки хориҷиёне, ки бо қувваҳои мусаллаҳ шартнома бастаанд, метавонанд шаҳрвандии Русияро ба таври содда ба даст оранд.
Қаблан роҳбари Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди раисҷумҳури Русия, Валерий Фадеев пешниҳод карда буд, ки синни даъвати ҳарбии хориҷиёне, ки шаҳрвандии кишварро гирифтаанд, то 45-50 сол боло бурда шавад.
Фадеев ба таҷрибаи давлати Исроил ишора кард, ки дар он ҷо ба шаҳрвандони ҷадид як сол барои будубош дар ҷои нав муҳлат дода мешавад ва сипас новобаста аз сол ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.
Раҳбари Шӯрои ҳуқуқи инсон қайд кард, ки дар мавриди ин ташаббус ба зудӣ бо кумитаҳои дахлдори Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия ва инчунин бо Сарраёсати ҳуқуқии Вазорати дифоъ машварат хоҳад шуд.