Раиси нави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кормандонаш муаррифӣ шуд

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдРаҷаббой Ахмадзода с новым главой Бободжон Гафуровского района
Раҷаббой Ахмадзода с новым главой Бободжон Гафуровского района  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2023
Обуна шудан
Тибқи тағйиротҳои ахири кадрӣ собиқ вазири тандурустии Тоҷикистон Салимзода Нусратулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 12 янв - Sputnik. Ахиран дар бинои мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими муаррифии​ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия баргузор гардидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Таъкид шудааст, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни муаррифӣ​ иттилоъ дод, ки собиқ раиси ноҳия Зафарбек Давлатзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳия озод гардид ва тибқи​ фармони Президенти кишвар Салимзода Нусратулло Файзулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин гардида аст.
Салимзода Нусратулло Файзулло​ 4 феврали соли 1965 таваллуд шудааст.
Ӯ доктори илмҳои тиб мебошад ва соли 1988 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури муолиҷавӣ хатм намудааст.
Мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бо мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Барканорию таъйинот дар тими Рустами Эмомалӣ бо фармони президент
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 дар Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 5-и шаҳри Душанбе ҳамчун бародари шавқати шӯъбаи ҷарроҳӣ оғоз намудааст.
Солҳои 1988-2008 ҳамчун духтури беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, духтури беморхонаи вилояти Халон, муовини аввал ва сардухтури Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ба номи А.М. Дяков, сардухтури Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои саратон ва директори Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон ва Муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2008 то 12 январи соли 2017 Вазири тандурустии Тоҷикистон буд. Аз соли 2017 то инҷониб дар​ вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0