https://sputnik.tj/20230112/qurb-rubl-tojikiston-bolo-1054152189.html
Қурби рубл дар Тоҷикистон боло рафт
Қурби рубл дар Тоҷикистон боло рафт
Sputnik Тоҷикистон
Дар бозори нақди Тоҷикистон афзоиши қимати пули Русия ба назар расида, ин асъор сар аз аввали щафта дар қиболи пули тоҷикӣ 7 сомонӣ гарон шудааст
2023-01-12T09:59+0500
2023-01-12T09:59+0500
2023-01-13T10:02+0500
бонки миллӣ
қурби асъор
рубл
доллар
евро
иқтисод
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046337452_0:114:3072:1842_1920x0_80_0_0_03b125d290d11380f84a03557149b327.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 147,5 сомонӣ арзиш дорад.Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 146 сомонӣ арзиш дошт.Асъори аврупоӣ низ дап пайи коҳишёбӣ, каме ҳам бошад рӯ ба афзоиш дорад. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 10.9888 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 10.966 сомонӣ муқаррар шуда буд.Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ низ дар баробари сомонӣ рӯ ба гаронӣ дорад. Агар рӯзи қаблӣ бар ивази ҳар доллар 10.2302 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.2364 сомонӣ медиҳанд.Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 141 сомонӣ ва зимни фурӯш 148 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 148 ва дар фурӯш 150,5 сомонӣ муайян намудааст. Дар "Алифбонк" бошад, 1000 рублро 148 ва 150,5 сомонӣ харидуфурӯш мекунад.Дар "Спитаменбонк" низ, 1000 рубл зимни харид 147,5 ва ҳангоми фурӯш 150 сомонӣ қимат дорад.Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20230101/vakili-tojik-mardum-doroiya-tilo-nigoh-evro-1053968242.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046337452_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_220afa48a394fdf057af3e7367cccd24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурб рубл тоҷикистон гарон
қурб рубл тоҷикистон гарон
Қурби рубл дар Тоҷикистон боло рафт
09:59 12.01.2023 (Навсозишуда: 10:02 13.01.2023) Дар бозори нақди Тоҷикистон афзоиши қимати пули Русия ба назар расида, ин асъор сар аз аввали ҳафта дар қиболи пули тоҷикӣ 7 сомонӣ гарон шудааст
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 147,5 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 146 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори аврупоӣ низ дап пайи коҳишёбӣ, каме ҳам бошад рӯ ба афзоиш дорад. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 10.9888 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 10.966 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ низ дар баробари сомонӣ рӯ ба гаронӣ дорад. Агар рӯзи қаблӣ бар ивази ҳар доллар 10.2302 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.2364 сомонӣ медиҳанд.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 141 сомонӣ ва зимни фурӯш 148 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 148 ва дар фурӯш 150,5 сомонӣ муайян намудааст. Дар "Алифбонк" бошад, 1000 рублро 148 ва 150,5 сомонӣ харидуфурӯш мекунад.
Дар "Спитаменбонк" низ, 1000 рубл зимни харид 147,5 ва ҳангоми фурӯш 150 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.