https://sputnik.tj/20230112/qator-sughd-rusiya-burd-ovard-1054150954.html
Қатор миёни Суғду Русия чанд мусофирро бурду овард?
Қатор миёни Суғду Русия чанд мусофирро бурду овард?
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти мусофирбарӣ миёни шимоли Тоҷикистон ва Русия, ки ҳудуди 4 моҳи охир фароҳам мебошанд, аллакай аз сӯи ҳазорҳо нафар истифода шудаанд
2023-01-12T09:00+0500
2023-01-12T09:00+0500
2023-01-12T09:00+0500
суғд
нақлиёт
роҳи оҳан
мусофир
дар тоҷикистон
қатор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102469/05/1024690515_0:68:1300:799_1920x0_80_0_0_ac794d6aa25a80b43a12f1cc2ede7fc7.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Шурӯъ аз моҳи сентябри соли гузашта равуои мусофирон тариқи қатор аз Суғд ба Русия аз сар гирифта шуд ва аллакай наздики 5 ҳазор нафар аз он баҳравар гардидаанд. Мудири шубаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати вилояти Суғд, Олим Очилзода, бо такя ба иттилои идораи “Роҳи оҳан”-и минтақаи Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар баъди азсаргирии рафтуомад тариқи роҳи оҳан беш аз 4700 мусофир аз хатсайри Хуҷанд – Волгоград – Хуҷанд истифода кардаанд. “Маврид ба зикр аст, ки шурӯъ аз санаи 7 сентябри соли 2022 аввалин қатор дар масири Хуҷанд – Волгоград ба роҳ баромад. Давоми чаҳор моҳи соли сипаригардида 2300 нафар ба ҷониби Волгоград сафар карда, инчунин аз самти Хуҷанд 2480 нафар баргаштаанд” – иттилоъ дод, Очилзода.Ин масъули Идораи нақлиёт баъд аз таваққуфи дусолаи замони қарантинаи коронавирус, ин нишондиҳандаро хуб арзёбӣ кард. Маврид ба зикр аст, ки қатори масири Кӯлоб – Волгоград ва Душанбе- Волгоград дар нимаҳои моҳи августи соли қаблӣ роҳандозӣ шуда буд. Аксари сокинон мегӯянд қатор нисбат ба дигар намуди нақлиёти мусофирбар бартариҳои худро дорад, ки шароити озод ва арзиши роҳкиро аз ҷумлаи онҳост, чун нисбат ба ҳавопаймо арзонтар аст. Қаблан мақомоти Идораи “Роҳи оҳан”-и шаҳри Хуҷанд фосилаи вақти сафар аз Хуҷанд ба Волгоградро 2,5 шабонарӯз гуфта, афзуданд, ки арзиши билети сафар бо қатора дар ин масир вобаста ба навъи вагон 1200 - 1300 сомонӣ муқаррар шудааст. Бино ба иттилоъи Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд давоми соли 2022 беш аз 214 ҳазор нафар ба муҳоҷират рафтааанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 55 ҳазор зиёд мебошад. Дар ин давра беш аз 177 ҳазор нафар аз муҳоҷират баргаштаанд.
https://sputnik.tj/20220905/arzonu-ozod-masulini-rohi-ohan-bartarihoi-safar-bo-qatoraro-guftand-1051172867.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102469/05/1024690515_72:0:1228:867_1920x0_80_0_0_d7932254b09b5441689247d5dd38250e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, ҳаҷм, мусофирбарӣ, суғд, русия
эълон, ҳаҷм, мусофирбарӣ, суғд, русия
Қатор миёни Суғду Русия чанд мусофирро бурду овард?
Хадамоти мусофирбарӣ миёни шимоли Тоҷикистон ва Русия, ки ҳудуди 4 моҳи охир фароҳам мебошанд, аллакай аз сӯи ҳазорҳо нафар истифода шудаанд
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Шурӯъ аз моҳи сентябри соли гузашта равуои мусофирон тариқи қатор аз Суғд ба Русия аз сар гирифта шуд ва аллакай наздики 5 ҳазор нафар аз он баҳравар гардидаанд.
Мудири шубаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати вилояти Суғд, Олим Очилзода, бо такя ба иттилои идораи “Роҳи оҳан”-и минтақаи Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар баъди азсаргирии рафтуомад тариқи роҳи оҳан беш аз 4700 мусофир аз хатсайри Хуҷанд – Волгоград – Хуҷанд истифода кардаанд.
“Маврид ба зикр аст, ки шурӯъ аз санаи 7 сентябри соли 2022 аввалин қатор дар масири Хуҷанд – Волгоград ба роҳ баромад. Давоми чаҳор моҳи соли сипаригардида 2300 нафар ба ҷониби Волгоград сафар карда, инчунин аз самти Хуҷанд 2480 нафар баргаштаанд” – иттилоъ дод, Очилзода.
Ин масъули Идораи нақлиёт баъд аз таваққуфи дусолаи замони қарантинаи коронавирус, ин нишондиҳандаро хуб арзёбӣ кард.
Маврид ба зикр аст, ки қатори масири Кӯлоб – Волгоград ва Душанбе- Волгоград дар нимаҳои моҳи августи соли қаблӣ роҳандозӣ шуда буд.
Аксари сокинон мегӯянд қатор нисбат ба дигар намуди нақлиёти мусофирбар бартариҳои худро дорад, ки шароити озод ва арзиши роҳкиро аз ҷумлаи онҳост, чун нисбат ба ҳавопаймо арзонтар аст.
Қаблан мақомоти Идораи “Роҳи оҳан”-и шаҳри Хуҷанд фосилаи вақти сафар аз Хуҷанд ба Волгоградро 2,5 шабонарӯз гуфта, афзуданд, ки арзиши билети сафар бо қатора дар ин масир вобаста ба навъи вагон 1200 - 1300 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бино ба иттилоъи Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд давоми соли 2022 беш аз 214 ҳазор нафар ба муҳоҷират рафтааанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 55 ҳазор зиёд мебошад. Дар ин давра беш аз 177 ҳазор нафар аз муҳоҷират баргаштаанд.