Пидром: Ҳамкорӣ бо Амрико авҷи "беиззатӣ, хиёнат ва ватанфӯрушӣ" аст

© Sputnik / Амир ИсаевЛатиф Пидром
Латиф Пидром - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2023
Обуна шудан
Раҳбари ҳизби кунгураи миллии Афғонистон ахиран эълон кардааст, ки Амрико коргузори ҳамаи ҷиноятҳо ва бадбахтиҳои Афғонистон мебошад
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Раҳбари ҳизби кунгураи миллии Афғонистон Абдуллатиф Пидром, дар твиттери худ навишта аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муқассири аслии вазъияти кунунии Афғонистон аст.
“Эътимод ба Амрико ва ҳамкорӣ бо ин кишвар авҷи беиззатӣ, хиёнат, ватанфурӯшӣ аст", - навиштааст раҳбари ҳизби кунгураи миллии Афғонистон.
Вай илова кард, ки Амрикои коргзори ҳамаи ҷиноятҳо ва бадбахтиҳо дар Афғонистон щастанд.
Ӯ таъкид кардааст, бояд дар баробари Амрикои эъломи ҷурм сурат гирад ва дар "додгоҳи Рум ва лоҳа шикоят" шавад.
Ёдоварӣ мекунем, ки гурӯҳи толибон дар 15 августи соли 2021 милодӣ дар як муомилаи пинҳонӣ ва печида бо Амрико якбори дигар бар Афғонистон чира шуд ва иқтисоди ин кишвар аз ҳам пошед ва миллионҳо нафари ин кишварро аз тарси ин гурӯҳ ва аз тарси бекорӣ ва гуруснагӣ тарк карданд.
Лентаи хабарҳо
0