https://sputnik.tj/20230112/fft-uzvi-anjumani-murabbiyoni-darajai-a-i-konfederatsiyai-futboli-osiyo-shud-1054170848.html
ФФТ узви Анҷумани мураббиёни дараҷаи "А"-и Конфедератсияи футболи Осиё шуд
ФФТ узви Анҷумани мураббиёни дараҷаи "А"-и Конфедератсияи футболи Осиё шуд
Sputnik Тоҷикистон
Шомил шудани ФФТ Тоҷикистон ба ин созмон имкон медиҳад, мустақилона бидуни ҷалби устодони хориҷӣ дар кишвар барои довталабони иҷозатномаи мураббигӣ диҳад
2023-01-12T20:00+0500
2023-01-12T20:00+0500
2023-01-12T20:00+0500
дар тоҷикистон
сармураббӣ
футбол
ҷалб
ффт
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035190882_275:0:2721:1376_1920x0_80_0_0_678d4468d7b63b219ef5b3138e7f37b0.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Тоҷикистон ба Анҷумани мураббиёни дараҷаи “А”-и Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) шомил шуд. Иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ).Тибқи иттилои манбаъ, бо шомил шудан ба ин анҷуман Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамакнун ҳуқуқ дорад, ки мустақилона бидуни ҷалби устодони хориҷӣ дар кишвар барои довталабони иҷозатномаи мураббигии дараҷаи “А” бурсҳои омӯзишӣ гузаронад.Инчунин тибқи иттилои манбаъ мураббиёни Тоҷикистон метавонанд аз рӯйи дипломҳои дар Тоҷикистон гирифтаашон дар кишварҳое, ки анҷумани КФО-ро қабул кардаанд, кор кунанд.“Мо ба департаменти техникӣ ва шуъбаи таълими мураббигариии Конфедератсияи футболи Осиё барои кӯмаку дастгирии доимӣ дар рушди футболи Тоҷикистон изҳори сипос мекунем. Федератсияи мо ба рушди таълими мураббигӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад ва тасдиқшавии анҷумани мураббигии мо дар сатҳи "А" бидуни дастгирии КФО имконнопазир мешуд”, – иттилоъ додааст ФФТ.Қобили зикр аст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон нақша дорад, то соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барои довталабони иҷозатномаи “Pro” бурсҳои мураббигӣ роҳандозӣ намояд.
https://sputnik.tj/20221216/tayini-sarmurabbi-muntakhabi-javononi-tojikiston-1053565716.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035190882_886:0:2721:1376_1920x0_80_0_0_6dd8679fb927bc0913ce08f2e3205124.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, ффт, узв, аныуман, мураббь, футбол, ыалб, устод, иыозатнома
тоыикистон, ффт, узв, аныуман, мураббь, футбол, ыалб, устод, иыозатнома
ФФТ узви Анҷумани мураббиёни дараҷаи "А"-и Конфедератсияи футболи Осиё шуд
Шомил шудани ФФТ Тоҷикистон ба ин созмон имкон медиҳад, мустақилона бидуни ҷалби устодони хориҷӣ дар кишвар барои довталабони иҷозатномаи мураббигӣ диҳад
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Тоҷикистон ба Анҷумани мураббиёни дараҷаи “А”-и Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) шомил шуд. Иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ).
Тибқи иттилои манбаъ, бо шомил шудан ба ин анҷуман Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамакнун ҳуқуқ дорад, ки мустақилона бидуни ҷалби устодони хориҷӣ дар кишвар барои довталабони иҷозатномаи мураббигии дараҷаи “А” бурсҳои омӯзишӣ гузаронад.
Инчунин тибқи иттилои манбаъ мураббиёни Тоҷикистон метавонанд аз рӯйи дипломҳои дар Тоҷикистон гирифтаашон дар кишварҳое, ки анҷумани КФО-ро қабул кардаанд, кор кунанд.
“Мо ба департаменти техникӣ ва шуъбаи таълими мураббигариии Конфедератсияи футболи Осиё барои кӯмаку дастгирии доимӣ дар рушди футболи Тоҷикистон изҳори сипос мекунем. Федератсияи мо ба рушди таълими мураббигӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад ва тасдиқшавии анҷумани мураббигии мо дар сатҳи "А" бидуни дастгирии КФО имконнопазир мешуд”, – иттилоъ додааст ФФТ.
Қобили зикр аст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон нақша дорад, то соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барои довталабони иҷозатномаи “Pro” бурсҳои мураббигӣ роҳандозӣ намояд.