https://sputnik.tj/20230112/dushanbe-toshkand-yakdigar-platformaho-baynalmilali-himoyat-1054166587.html
Душанбе ва Тошканд аз якдигар дар платформаҳои байналмилалӣ ҳимоят хоҳанд кард
Душанбе ва Тошканд аз якдигар дар платформаҳои байналмилалӣ ҳимоят хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Чунин тавофуқ дар чаҳорчӯби як гуфтугӯи телефонӣ, ки миёни раҳбарони вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сурат гирифт, ҳосил шудааст
2023-01-12T16:35+0500
2023-01-12T16:35+0500
2023-01-12T16:35+0500
душанбе
тошканд
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
сиёсат
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/03/1048904587_0:132:1280:852_1920x0_80_0_0_9694ee279844b3a17701e8fc0eb04c82.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ниҳодҳои байналмилалӣ омодаанд. Дар ин бора дар як гуфтугӯи телефонии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Бахтиёр Саидов, вазири умури хориҷии Ӯзбекистон, тавофуқ ҳосил шудааст. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Саидовро ба муносибати таъин шуданаш ба вазифаи баланди масъулиятнок табрик гуфта, ба ҳамкасбаш дар фаъолияти касбиаш барору комёбиҳо таманно кард. Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Тоҷикистону Ӯзбекистон, шарикии стратегӣ ва иттифоқиро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Вазирони умури хориҷа дар мавриди иҷрои тавофуқоти миёни раисҷумҳурони ду кишвар табодули назар карданд. Дар ин суҳбат омодагии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои идомаи муколамаи фаъоли сиёсӣ дар формати дуҷониба ва дастгирии мутақобила дар чаҳорчӯби ниҳодҳои байналмилалӣ таъкид шудааст. Сироҷиддин Муҳриддин ва Бахтиёр Саидов ҷадвали вохӯриҳои дар сатҳи олӣ ва баландтарин барои ояндаи наздик ба нақша гирифташударо баррасӣ карданд.
https://sputnik.tj/20221126/afzoishi-gardishi-mol-tojikistonu-uzbekiston-1053078533.html
душанбе
тошканд
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/03/1048904587_72:0:1208:852_1920x0_80_0_0_c83984e79ffad9c6a288f90659129379.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе тошканд ҳимоят сиёсат
душанбе тошканд ҳимоят сиёсат
Душанбе ва Тошканд аз якдигар дар платформаҳои байналмилалӣ ҳимоят хоҳанд кард
Чунин тавофуқ дар чаҳорчӯби як гуфтугӯи телефонӣ, ки миёни раҳбарони вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сурат гирифт, ҳосил шудааст
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ниҳодҳои байналмилалӣ омодаанд.
Дар ин бора дар як гуфтугӯи телефонии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Бахтиёр Саидов, вазири умури хориҷии Ӯзбекистон, тавофуқ ҳосил шудааст.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Саидовро ба муносибати таъин шуданаш ба вазифаи баланди масъулиятнок табрик гуфта, ба ҳамкасбаш дар фаъолияти касбиаш барору комёбиҳо таманно кард.
Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Тоҷикистону Ӯзбекистон, шарикии стратегӣ ва иттифоқиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Вазирони умури хориҷа дар мавриди иҷрои тавофуқоти миёни раисҷумҳурони ду кишвар табодули назар карданд.
Дар ин суҳбат омодагии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои идомаи муколамаи фаъоли сиёсӣ дар формати дуҷониба ва дастгирии мутақобила дар чаҳорчӯби ниҳодҳои байналмилалӣ таъкид шудааст.
Сироҷиддин Муҳриддин ва Бахтиёр Саидов ҷадвали вохӯриҳои дар сатҳи олӣ ва баландтарин барои ояндаи наздик ба нақша гирифташударо баррасӣ карданд.