https://sputnik.tj/20230111/roh-dushanbe-chanoq-boz-mahdudiyat-1054128370.html
Роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд, вале бо маҳдудият
Роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд, вале бо маҳдудият
Sputnik Тоҷикистон
Вазъияти ба таври доимӣ бастани роҳи мошингард бар асари фаромадани тарма ва сангрезӣ, ба гуфтаи ҳавошиносон, то 14 январ метавонад идома ёбад
2023-01-11T13:26+0500
2023-01-11T13:26+0500
2023-01-11T13:29+0500
дар тоҷикистон
роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101417/41/1014174192_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_2a57ea140be1515c39223e8b49896e62.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Хадамоти нигоҳбони роҳ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ рафъи оқибатҳои резиши тармаро анҷом дода, ҳаракати нақлиётро таъмин кардаанд. Дар ин бора ширкати IRS, ки ба пулчиниву нигоҳбонии ин масир машғул аст, хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, пас аз бартарафзозии тармаи зиёд ҳоло танҳо ҳаракати мошинҳои сабукрав аз Хуҷанд ба Душанбе оғоз шуд. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми январ аз қисмати аврупоии Русия ва ғарби Сибир ба Тоҷикистон тӯфони сард ворид шуд, ки дар робита ба ин дар саросари кишвар сармо ва боришоти шадид мушоҳида мешавад. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, чунин ҳаво то 14 январ идома хоҳад кард. Қаблан Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз сокинон даъват карда буд, ки бидуни зарурат бо мошин сафар накунанд, балки тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ ба ба роҳ бароянд.КҲФ низ гуфтааст, ки дар ин рӯзҳо хуб аст, ки сафар ба масирҳои мушкилгузари куҳӣ худдорӣ шавад, зеро сармои шадид боиси фаромадани тармаву яхбандиҳо мегардад.
https://sputnik.tj/20230111/rustam-emomali-sokinon-dushanbe-ruzho-sard-1054115528.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101417/41/1014174192_0:0:1600:1200_1920x0_80_0_0_7396c3fa1037e427e317bb5163d28606.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳ душанбе чаноқ боз маҳдудият
роҳ душанбе чаноқ боз маҳдудият
Роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд, вале бо маҳдудият
13:26 11.01.2023 (Навсозишуда: 13:29 11.01.2023) Вазъияти ба таври доимӣ бастани роҳи мошингард бар асари фаромадани тарма ва сангрезӣ, ба гуфтаи ҳавошиносон, то 14 январ метавонад идома ёбад
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Хадамоти нигоҳбони роҳ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ рафъи оқибатҳои резиши тармаро анҷом дода, ҳаракати нақлиётро таъмин кардаанд.
Дар ин бора ширкати IRS, ки ба пулчиниву нигоҳбонии ин масир машғул аст, хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, пас аз бартарафзозии тармаи зиёд ҳоло танҳо ҳаракати мошинҳои сабукрав аз Хуҷанд ба Душанбе оғоз шуд.
"Рафъи оқибатҳои тармаҳои дирӯз идома дорад ва каме дертар ба ҳаракати мошинҳои боркаш низ иҷозат дода мешавад", - омадааст дар хабар.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми январ аз қисмати аврупоии Русия ва ғарби Сибир ба Тоҷикистон тӯфони сард ворид шуд, ки дар робита ба ин дар саросари кишвар сармо ва боришоти шадид мушоҳида мешавад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, чунин ҳаво то 14 январ идома хоҳад кард.
Қаблан Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз сокинон даъват карда буд, ки бидуни зарурат бо мошин сафар накунанд, балки тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ ба ба роҳ бароянд.
КҲФ низ гуфтааст, ки дар ин рӯзҳо хуб аст, ки сафар ба масирҳои мушкилгузари куҳӣ худдорӣ шавад, зеро сармои шадид боиси фаромадани тармаву яхбандиҳо мегардад.