https://sputnik.tj/20230111/neruho-rusiya-shahr-soledar-nazorat-1054116346.html
Нерӯҳои Русия шаҳри Соледарро таҳти назорат гирифтанд
Нерӯҳои Русия шаҳри Соледарро таҳти назорат гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Ин шаҳрак барои Киев хусусияти стратегӣ дошт, зеро он дар маркази хати мудофиавии Артемовск (Баҳмут) - Северск ҷойгир буд, ки таъминот аз ин нуқта идора мешуд
2023-01-11T11:31+0500
2023-01-11T11:31+0500
2023-02-08T19:46+0500
амалиёти вижа
украина
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
артиш
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0b/1054114242_0:176:2989:1857_1920x0_80_0_0_92f83dad67b5591ddb92d45c682e431b.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Нерӯҳои русии гуруҳи "Вагнер" шаҳри Соледарро пурра таҳти назорати худ гирифтанд. Дар ин бора ба РИА Новости бо такя ба асосгузори ин созмон Евгений Пригожин хабар дод, ки дар гурӯҳи "ВКонтакте"-и гуруҳи худ "Конкорд" навиштае гузоштааст. Ба гуфтаи ӯ, дар маркази шаҳр амалиёти ҷангӣ идома дорад ва муҳосира ташкил шудааст. Барои Украина, Соледари гирифташуда аҳамияти стратегӣ дошт, зеро он дар маркази хати мудофиавии Артемовск (Баҳмут) - Северск ҷойгир буд. Дар ин ҷо ҷанговарони Украина истеҳкомҳои пуриқтидори мудофиавӣ сохтанд. Озодкунии Соледар роҳи бевоситаи таъминоти байни Артемовск ва Северскро бурида, инчунин Артемовскро аз тарафи шимол фаро мегирад.Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврали соли 2023 амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
https://sputnik.tj/20230107/peshgui-namoyandai-erdughon-ukraina-1054024228.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0b/1054114242_279:0:2755:1857_1920x0_80_0_0_1dee14fbf5d80d4f36959952914bc178.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нерӯҳо русия шаҳр соледар назорат
нерӯҳо русия шаҳр соледар назорат
Нерӯҳои Русия шаҳри Соледарро таҳти назорат гирифтанд
11:31 11.01.2023 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Ин шаҳрак барои Киев хусусияти стратегӣ дошт, зеро он дар маркази хати мудофиавии Артемовск (Баҳмут) - Северск ҷойгир буд, ки таъминот аз ин нуқта идора мешуд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Нерӯҳои русии гуруҳи "Вагнер" шаҳри Соледарро пурра таҳти назорати худ гирифтанд.
Дар ин бора ба РИА Новости бо такя ба асосгузори ин созмон Евгений Пригожин хабар дод, ки дар гурӯҳи "ВКонтакте"-и гуруҳи худ "Конкорд" навиштае гузоштааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар маркази шаҳр амалиёти ҷангӣ идома дорад ва муҳосира ташкил шудааст.
"Нерӯҳои " Вагнер" тамоми қаламрави Соледарро зери назорат гирифтаанд. Дар маркази шаҳр нуқтаҳои муҳосира ташкил шудааст, ки дар он ҷангҳои шаҳрӣ ҷараён доранд. Шумораи асирон фардо эълон карда мешавад", - омадааст дар хабар.
Барои Украина, Соледари гирифташуда аҳамияти стратегӣ дошт, зеро он дар маркази хати мудофиавии Артемовск (Баҳмут) - Северск ҷойгир буд.
Дар ин ҷо ҷанговарони Украина истеҳкомҳои пуриқтидори мудофиавӣ сохтанд.
Озодкунии Соледар роҳи бевоситаи таъминоти байни Артемовск ва Северскро бурида, инчунин Артемовскро аз тарафи шимол фаро мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврали соли 2023 амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.