https://sputnik.tj/20230111/hayat-federatsiya-judo-dushanbe-1054117751.html
Ҳайати Федератсияи байналмилалии ҷудо вориди Душанбе шуд
Ҳайати Федератсияи байналмилалии ҷудо вориди Душанбе шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вохӯрӣ дар доираи мусобиқаи дарпешистодаи Гран При Душанбе 2023, ки 2 июн дар таърихи ҷумҳурӣ бори аввал баргузор мешавад, сурат гирифт
2023-01-11T12:07+0500
2023-01-11T12:07+0500
2023-01-11T12:07+0500
дзюдо
душанбе
навигариҳои варзиши тоҷикистон
федератсияи байналмиллалии дзюдо
мусобиқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0b/1054116050_37:92:567:390_1920x0_80_0_0_6e9e75f3872900ede29fcae21932f2f0.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Намояндагони Федератсияи ҷудои Тоҷикистон (FDT) дар Душанбе бо ҳайати Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) мулоқот карданд. Бино ба иттилоъи маркази матбуотии ФҶТ, муовини раиси он Эргаш Маҳмадбеков бо раҳбари ҳайат Владимир Барт ҳамкории созмонҳо дар самти татбиқи ташаббусҳои нави ҷониби Тоҷикистон дар заминаи Гран-При Душанбе-2023-ро баррасӣ кард. Илова бар ин, Барт табрикоти раиси ФБҶ Мариус Визерро ба раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир дар робита ба интихоби ахир ба ин мақом расонд. Ёдовар мешавем, Гран При Душанбе 2023 бори аввал дар таърихи кишвар 2 июн баргузор шуда, 2 рӯз идома хоҳад кард. Дар он қариб 300 варзишгари беш аз 30 кишвари ҷаҳон ният доранд, ки ширкат кунанд. Дар созишнома бо ФБҶ пешбинӣ шудааст, ки ин мусобиқа ҳамасола барои 4 сол баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20221225/ergash-mahmadbekov-noibi-ismoili-mahmadzohir-tayin-shud-1053778439.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0b/1054116050_61:72:522:417_1920x0_80_0_0_a9bf63f967e9b1d8e625557239a63cd5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
федератсия байналмилалӣ ҷудо душанбе
федератсия байналмилалӣ ҷудо душанбе
Ҳайати Федератсияи байналмилалии ҷудо вориди Душанбе шуд
Вохӯрӣ дар доираи мусобиқаи дарпешистодаи Гран При Душанбе 2023, ки 2 июн дар таърихи ҷумҳурӣ бори аввал баргузор мешавад, сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Намояндагони Федератсияи ҷудои Тоҷикистон (FDT) дар Душанбе бо ҳайати Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) мулоқот карданд.
Бино ба иттилоъи маркази матбуотии ФҶТ, муовини раиси он Эргаш Маҳмадбеков бо раҳбари ҳайат Владимир Барт ҳамкории созмонҳо дар самти татбиқи ташаббусҳои нави ҷониби Тоҷикистон дар заминаи Гран-При Душанбе-2023-ро баррасӣ кард.
Илова бар ин, Барт табрикоти раиси ФБҶ Мариус Визерро ба раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир дар робита ба интихоби ахир ба ин мақом расонд.
Ёдовар мешавем, Гран При Душанбе 2023 бори аввал дар таърихи кишвар 2 июн баргузор шуда, 2 рӯз идома хоҳад кард.
Дар он қариб 300 варзишгари беш аз 30 кишвари ҷаҳон ният доранд, ки ширкат кунанд.
Дар созишнома бо ФБҶ пешбинӣ шудааст, ки ин мусобиқа ҳамасола барои 4 сол баргузор мешавад.