Толибҳо ба занҳо кор дар марказҳои савдоро манъ карданд

© AFP 2023 / StringerСтудентка перед университетом в провинции Кандагар, Афганистан
Студентка перед университетом в провинции Кандагар, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2023
Обуна шудан
Раҳбарони имрӯзаи Афғонистон ба занҳо корро дар марказҳои савдо манъ карданд ва тасмим доранд кошонаҳои ҳуснро низ бубанданд
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Давлати феълии Афғонистон, ки аз сӯи толибҳо ташкил шудааст барои бастани кошонаҳои ҳусни занон дар ин кишвар муҳлати даҳ рӯз муқаррар кардааст, иттилоъ додааст шабакаи телевизионии Ал-Арабия.
Ҳамзамон толибҳо бо қарори навбатии худ кори занон дар марказҳои савдо мамнуъ карданд.
Ин расонаи хабарӣ иттилоъ додааст, ки "ҳукумати толибҳо барои бастани кошонаҳои ҳусни занона 10 рӯз муҳлат додаанд".
Ёдовар мешавем, ки толибҳо баъд аз ба сари қудрат омаданашон бар сари занон маҳдудиятҳои зиёдеро ҷорӣ карданд. Ба хусу толибҳо ба занон кор ва таҳсил дар муассисҳои оливу миёнаро манъ карданд.
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2023
Афғонистон барои шашумин бор унвони ноамнтарин кишвари ҷаҳон баргузида шуд
Занҳо борҳо дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистон даст ба тазоҳурот заданд ва шидидан аз сӯйи ҷангҷӯёни толибҳо саркӯб шуданд.
Толибон қаблан ба тамоми созмонҳои ғайриҳукуматии маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон дастур дода буданд, ки кори кормандони занро мутаваққиф кунанд.
Ин дар ҳолест, ки раҳбарони ниҳодҳои Созмони Милал аз толибон даъват кардаанд, ки ба занон дар созмонҳои ғайридавлатии башардӯстона кор кунанд.
Манъи иштироки занон дар корҳои башардӯстона барои тамоми афғонистониҳо оқибатҳои фаврӣ таҳдидкунанда дорад, гуфта мешавад дар муроҷиатнома.
Лентаи хабарҳо
0